
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди корҳои созандагӣ ва бунёдкориҳо дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан боздид ба амал овард.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Айнӣ ба муносибати истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди 595 адад иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз қариб 90 фоизи онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин дастовард шаҳодати заҳмати содиқонаи сокинон ва тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Айни замон дар деҳаи Урметан сохтмони нахустин муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дошта, он барои 80 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Ин кӯдакистон бо иқдоми неки соҳибкори маҳаллӣ Меҳрон Давронов бунёд гардида, аз се ошёна иборат хоҳад буд. Мувофиқи лоиҳа, дар ошёнаи якум якчанд мағоза барои таъмини ниёзҳои сокинон таъсис дода мешавад.
Бинои кӯдакистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои имрӯзаи сохтмонӣ сохта шуда, дар он тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё хоҳад гардид. Мавриди зикр аст, ки ин аввалин муассисаи томактабии хусусӣ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб меравад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистон ва мағозаҳои зери он, наздик ба 20 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши шоиста таъмин хоҳанд шуд.
Дар баробари ин, бо ташаббуси сокинони гузари Исковати деҳа сохтмони як маркази калони хизматрасонӣ, ки аз ду ошёна иборат хоҳад буд, бомаром ҷараён дорад. Марказ ҳамчун тӯйхона пешбинӣ шуда, дар ошёнаи аввал утоқҳои хизматрасонӣ барои гузаронидани маъракаҳои иҷтимоӣ ва дар ошёнаи дуюм толори васеъ ва муосири баргузории тӯю чорабиниҳо ташкил мегардад.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба соҳибкорони гузари Исковати деҳаи Урметан барои чунин ташаббусҳои ободкорона изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки саҳми фаъолонаи сокинон дар рушду шукуфоии маҳал муҳим ва арзишманд мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ҳамеша ҷонибдори чунин иқдомҳои созанда буда, ба амалӣ шудани онҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар зимн Равшан Раҳимзода аз рафти таъмири роҳи дохилии мошингарди деҳа низ боздид ба амал овард. Бо ташаббуси худи сокинон зиёда аз 300 метр роҳи байнидеҳавӣ бетонпӯш гардида истодааст. Ин амали шоиста нишонгари ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон мебошад.
Таъмини шароити хуби инфрасохторӣ, аз ҷумла роҳҳои мошингард, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи кишвар корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо намудаанд.
Чунин иқдомҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Истиқлоли давлатӣ на танҳо дастоварди бузурги таърихист, балки имконияти воқеӣ барои бунёди Тоҷикистони озоду пешрафта мебошад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 22