Хабарҳои руз

Вохӯрии кории Раиси ноҳияи Айнӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Дар-Дар

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Зеробод мулоқоти Раиси ноҳияи Айнӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №39 – муҳтарам Равшан Раҳимзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Дар-Дар баргузор гардид.
Дар оғоз, Равшан Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, таъкид кард, ки мақоми вакилӣ на танҳо мансаб, балки масъулияти бузург дар назди мардум мебошад. Ӯ зикр намуд, ки ҳар иқдом, ҳар тасмим ва ҳар амале, ки аз ҷониби вакил амалӣ мешавад, бояд бар манфиати ҷомеа ва беҳбудии зиндагии мардум равона гардад.
Раиси ноҳия дар идомаи суҳбат ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла тарбияи фарзандон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нақши волидайн ва омӯзгоронро дар ташаккули ахлоқ ва маърифати ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки ояндаи миллат аз сатҳи дониш ва ахлоқи насли наврас вобастагии мустақим дорад.
Раиси ноҳия дар паёми худ ҳамчунин аз мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон зерои роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки суботи сиёсӣ ва амнияти кишвар ба туфайли сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлат таъмин гардидааст ва ҳар як шаҳрванд бояд қадри ин неъмати бузургро донад.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва худшиносии миллии ҷавонон, Равшан Раҳимзода аз падару модарон, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеа даъват ба амал овард, ки дар муқобили ҷараёнҳои хатарзо бетараф набошанд ва барои ҳифзи якпорчагии ҷомеа талош варзанд. Вай ҷавононро ба донишандӯзӣ, шуури сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ раҳнамун сохт.
Дар идомаи мулоқот масъалаи гардиши дорувориҳои дорои хатари эҳтимолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси ноҳия ба сохторҳои марбута супориш дод, ки фаъолияти дорухонаҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ва таъкид намуд, ки фурӯши доруҳо бояд танҳо тибқи дорухати мутахассисон сурат гирад.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия аз саҳми шаҳрвандоне, ки дар корҳои ободонию созандагии маҳалли худ фаъолона ширкат меварзанд, изҳори сипосу миннатдорӣ кард. Ӯ чунин иқдомҳоро намунаи олии ватандӯстӣ ва ҳисси баланди масъулият дар назди ҷомеа арзёбӣ намуд.
Дар мавриди хизмати ҳарбӣ, Равшан Раҳимзода гуфт, ки хизмати Ватан шарафи бузург аст ва ҳар як ҷавони бо нангу номуси тоҷик бояд бо эҳсоси ифтихор хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварад. Ӯ таъкид кард, ки тарбияи ватандӯстӣ бояд аз оила сар шавад ва ҷомеаи солим дар заминаи муҳити тарбиявии дуруст ташаккул меёбад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ мардуми маҳаллӣ масъалаҳои муҳими рӯзмарраро ба миён гузоштанд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва асоснок дода шуданд. Раиси ноҳия изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ омода аст, ки дар ҳама гуна иқдомҳои ободонӣ ва беҳбудии шароити зиндагии сокинон ҳамеша дасти ёрӣ дароз намояд.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 15

Leave a Reply

Back to top button