Хабарҳои руз

Вохӯрии Раиси ноҳияи Айнӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Урметан

Дар толори маҷлисии Қасри фарҳанги деҳаи Урметан вохӯрии Раиси ноҳияи Айнӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, №39 – Равшан Раҳимзода бо сокинони ҷамоат баргузор гардид.
Дар оғоз, Равшан Раҳимзода дар бораи вазифаҳои вакили интихобкунандагон сухан гуфта, таъкид кард, ки вакилӣ пеш аз ҳама масъулияти баланд дар назди мардум буда, ҳар иқдом ва тасмим бояд ба манфиати сокинон равона гардад.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ масъалаи тарбияи дурусти фарзандонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз волидайн ва омӯзгорон даъват кард, ки ба таълим ва ахлоқи насли наврас таваҷҷуҳи бештар намоянд.
Ӯ ҳамзамон ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ишора карда, гуфт: «Имрӯз Тоҷикистон яке аз давлатҳои амн дар миқёси ҷаҳон маҳсуб меёбад ва ин дастоварди беназир аст, ки мо бояд шукронаи давлатдории худ намоем».
Дар идомаи вохӯрӣ Равшан Раҳимзода ба рафтори баъзе ҷавонону наврасони гумроҳ ишора намуда, аз фаъолон ва волидайн даъват кард, ки барои пешгирии чунин равандҳо дар якҷоягӣ амал намоянд. Ӯ ҷавононро ба илмомӯзӣ, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ ҳидоят карда, таъкид намуд, ки «ҷомеаи муттаҳид метавонад насли солиму босаводро ба камол расонад».
Раиси ноҳия ба масъалаи фурӯши дорувориҳои шубҳанок низ дахл намуда, ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки фаъолияти дорухонаҳо таҳти назорат гирифта шавад ва фурӯши доруҳо танҳо бо дорухати духтурон амалӣ гардад. Вай аз нооромиҳою ҷангҳои ҷаҳонӣ ёдовар шуда, аҳамияти ваҳдату муттаҳидиро таъкид намуд.
+Ҳамзамон аз шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ равона мекунанд, изҳори сипос намуда, чунин иқдомҳоро намунаи ибрат ва амалҳои хайр арзёбӣ кард.
Дар робита ба масъалаи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки ҷавонони кишвар бояд бо ифтихор ва содиқона хизмати ҳарбиро адо намоянд ва фарзандонро мо бояд дар руҳияи меҳанпарастӣ тарбия кунем.
Ӯ ҳамчунин аз табиати нек, фарҳанги баланд ва ахлоқи намунавии мардуми тоҷик ёдовар шуда, гуфт, ки миллати мо ҳаргиз хиёнаткор набудааст, замини касеро ғасб накардааст ва ҳамеша ба тамаддунсозию фарҳангороӣ ва бо сарбаландӣ зиндагӣ кардааст.
Сипас сокинон масъалаҳои рӯзмарраи ҷамоатро ба миён гузоштанд.
Аз ҷумла: таъмиру азнавсозии купруки даромадгоҳи деҳа, таъмини беморхона бо барқ ва навсозии зеристгоҳи барқӣ, иҷозат барои бунёди муассисаи томактабӣ, таъсиси филиали корхонаи сӯхторхомӯшкунӣ, беҳтар намудани сифати алоқаи мобилӣ, сохтмони таваққуфгоҳ ва танзими ҳаракати нақлиёт, бунёди майдончаи варзишӣ, таъмири хонаи фарҳанги деҳаи Вешканд, сохтмони мактаби нав дар деҳаи Мадм бинобар садамавӣ будани мактаби мавҷуда.
Ба ҳамаи масъалаҳои матраҳшуда ҷавобҳои қаноаткунанда дода шуда, Раиси ноҳия таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамеша мардумро дар корҳои ободонӣ ва навсозӣ дастгирӣ хоҳад кард.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 13

Leave a Reply

Back to top button