Хабарҳои руз

ВОДИИ ЯҒНОБ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ РАҲО ЁФТ

30 сентябри соли 2025 — Имрӯз бо ҳузури Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода ва бо иштироки сокинон ва меҳмонони водии Яғноб, се купруки муҳими мошингард мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин рӯйдоди таърихӣ як қадами ҷиддӣ дар роҳи раҳоии деҳоти водии Яғноб аз бунбасти тӯлонии коммуникатсионӣ арзёбӣ мегардад.
Дарозои солҳо деҳоти зебоманзари Яғноб, ки дар доманаи кӯҳҳои баланду сарсабзи ҷанубу шарқи ноҳия воқеъ аст, ба далели набуди роҳу купрукҳои мошингард, аз шароити муносиб барои алоқа ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ маҳрум буд. Аммо имрӯз, бо амалӣ гардидани ташаббусҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин водии таърихӣ ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад.
Раиси ноҳия зимни ифтитоҳи купрукҳо таъкид дошт, ки ҳадаф аз сохтмони инфрасохтори муосир — фароҳам овардани шароити арзанда барои зиндагии шоиста, рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва муттаҳид сохтани мардуми водӣ бо дигар манотиқи кишвар аст. Раиси ноҳия инчунин дастур дод, ки корҳои боқимонда дар масири 7 км роҳи мошингард то охирин деҳаи водӣ, то охири моҳи октябр ба анҷом расонида шаванд.
Бояд қайд намуд, ки худи ҳамин сол то охирин купрук бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 15 километр роҳ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
Сармоягузории ватанӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ
Се купруки нав — дар деҳоти Ғармен, Қул ва Кирёнте бо саҳми бевоситаи соҳибкорони маҳаллӣ — Ҳоҷимурод Боқиев, Тағоймурод Қурбонов, Бобохон Бобохонов ва албатта саҳми арзандани сокинони деҳоти водӣ сохта шудаанд. Аз ҷумла, Ҳоҷимурод Боқиев дар баробари сармоягузорӣ барои сохтмони купрук, ҳамзамон бо сокинони деҳот пайваста роҳҳои дохилии деҳаро таъмиру таҷдид мекунад, ки ин гувоҳи ҳисси баланди ватандӯстии сокинон аст.
Раиси ноҳия аз минбари ин чорабинӣ ба соҳибкорон ва ҳамаи шахсони саховатманд изҳори сипос намуда, онҳоро намунаи ибрат барои дигарон номид.
Водии таърихӣ бо имкониятҳои нав
Водии Яғноб, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Анзоб воқеъ аст, 83 ҳазор гектар масоҳат дошта, зодгоҳи аслии забони нодири яғнобӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин водӣ 14 деҳа мавҷуд буда, тибқи маълумоти оморӣ, 449 нафар аҳолӣ дар 84 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд. Аҳолӣ асосан бо кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, шумораи саршумори чорвои хурд ба беш аз 20 ҳазор ва чорвои калони шохдор ба зиёда аз 300 сар мерасад.
Дар ҳар як хонадони водӣ нерӯгоҳи хурди барқии обӣ фаъол аст, ки ниёзи сокинонро ба барқ таъмин мекунад. Ҳамзамон, мардуми заҳматкаши ин водӣ бо истифода аз гармхонаҳо ва заминҳои корам маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла — картошка, сабзӣ, пиёз ва лаблабу парвариш карда, барои фасли зимистон захира менамоянд.
Ба гуфтаи мутахассисон, деҳқонон дар мавсими ҷорӣ аз ҳар сотих замин то ду тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ кардаанд, ки нишонаи самаранок истифода бурдани захираҳои замин ва меҳнати босамар аст.
Ояндаи Яғноб — рушд, фарҳанг ва сайёҳӣ
Мақомоти маҳаллӣ иброз доштанд, ки бо анҷоми сохтмони пурраи роҳ, барномаҳои васеи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, бунёди муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва фарҳангӣ бо инфрасохтори муосир, эҳёи забони яғнобӣ ва табдил додани водӣ ба як мавзеи ҷолиби сайёҳиро дар нақша қарор доранд.
Бо эҳёи имкониятҳои фаровон, Яғноб метавонад ба маркази омӯзиши таърих, фарҳанг ва табиати нодири кишвар табдил ёбад. Шароити мусоид ва дастгирии давлат барои рушди бахшҳои туризм, чорводорӣ ва кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши картошкаи хушсифат, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтааст.
Натиҷа — роҳу ободӣ, фардои дурахшон
Ҳамакнун сокинони Яғноб роҳ доранд, робита доранд, имконият доранд. Ин рӯйдод на танҳо василаи пайвасти деҳот бо маркази ноҳия ва кишвар, балки оғози як марҳилаи нав — марҳилаи рушд, шукуфоӣ ва худшиносии миллии мардуми водӣ мебошад. Чуноне мегӯянд: “Роҳ бошад, ободӣ ҳам мешавад.”
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 57

Leave a Reply

Back to top button