
Дар ноҳияи Айнӣ аксияи «Мактаб ба мактаб» идома дорад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроия ва ҷалби сохторҳои давлатӣ, волидайн ва ҷомеа амалӣ мешавад. Ҳадаф – баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аст.
29 сентябри 2025 гурӯҳи таблиғотӣ дар мактаби №59 бо волидайн, омӯзгорон ва хонандагон вохӯрӣ баргузор кард. Дар он қонунҳои «Дар бораи масъулияти падару модар», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шарҳ дода шуданд.
Муовини раиси ноҳия Зебо Саидзода таъкид намуд, ки сатҳи дониш ва худогоҳии ҷавонон пояи суботи ҷомеа буда, ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа зарур аст.
Ин иқдом муҳити солими таълиму тарбияро таҳким бахшида, дар рушди худшиносии миллӣ ва амнияти фикрии ҷавонон нақши муҳим мебозад.



