Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ ба сохтмони боз як муассисаи томактабӣ санги асос гузошта шуд

Имрӯз дар шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамъе аз сокинони шаҳрак ва фаъолони ҷамоат маросими гузоштани санги асос барои сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 ҷой баргузор гардид. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартии байналмилалӣ бунёд мегардад.
Раиси ноҳия дар сухани ифтитоҳии худ зикр намуд, ки амалисозии чунин лоиҳаҳо идомаи мантиқии сиёсати маорифпарварона ва иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд: «Таҳсилоти томактабӣ зинаи нахустини тарбия ва маърифати кӯдак буда, бидуни он рушди пурраи насли оянда ғайриимкон аст». Ин андеша роҳнамои асосии тамоми барномаҳои рушди соҳаи маориф дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Муассисаи мазкур бо ҷалби шарикони рушд ва сармоягузории буҷети маҳаллӣ сохта шуда, бо синфхонаҳои равшан, толори варзишӣ, утоқҳои бозиву истироҳат, ошхона ва майдончаи бозии кӯдакон муҷаҳҳаз мегардад. Пешбинӣ шудааст, ки корҳои сохтмонӣ то охири соли 2026 пурра анҷом ёбанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ изҳор доштанд, ки ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия мусоидат мекунад.
Тавре ки Пешвои миллат дар яке аз паёмҳои худ иброз доштаанд: «Ояндаи давлату миллат аз сатҳу сифати маориф вобаста аст». Маҳз бо ҳамин ният Ҳукумати кишвар сохтмони муассисаҳои навро дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон идома дода, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити беҳтарин фароҳам меорад.
Бунёди ин кӯдакистон дар Зарафшон-2 қадами устувор дар роҳи татбиқи ин ҳадаф буда, рамзи ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба насли оянда ва таҳкими пояҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 19

Leave a Reply

Back to top button