
Дар толори калони маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти раёсати Раиси ноҳияи Айнӣ, Сардори мудофиаи гражданӣ дар ноҳия Равшан Раҳимзода, ҷаласаи Ситоди мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Ситод, роҳбарони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси ноҳия, Сардори мудофиаи гражданӣ Равшан Раҳимзода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти таҳкими низоми мудофиаи гражданӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор таъкид кард. Қайд гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд гардидани хатари ҳолатҳои фавқулода, масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба ҳолатҳои эҳтимолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, гузориши сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия Иброҳимзода Ҳикматулло оид ба вазъи кунунии омодабошӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода шунида шуд. Мавсуф дар баромади худ доир ба сатҳи таъминоти қувва ва воситаҳо, ҳолати омодагии ҳайати шахсӣ, захираҳои моддиву техникӣ ва тадбирҳои амалигардида маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зимни ҷаласа Раиси ноҳия аз роҳбарони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ доир ба вазъи омодабошӣ, иҷрои нақшаҳои тасдиқгардида ва сатҳи омодагии сохторҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2026, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 31 декабри соли 2025, №358 тасдиқ гардидааст, санаи 26 феврали соли 2026 дар ҳудуди вилоят тамринҳои ситодии мудофиаи гражданӣ барои давраи зимистона дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи вилоят ва ҳайати шахсии Раёсат ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба замони ҷангӣ» баргузор гардида истодааст.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани тамринҳои мазкур, дар ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ситоди ноҳиявӣ доир гардида, нақшаи гузаронидани тамринҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нақшаи мазкур мақсади асосии тамринҳо, вазъияти шартӣ, марҳилаҳои иҷро ва тартиби ҳамоҳангсозии сохторҳои иштирокчиро дар бар мегирад.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки тамоми сохторҳои дахлдор вазифадоранд омодагии комилро таъмин намуда, сатҳи масъулият ва интизоми хизматиро тақвият бахшанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ҷиҳати тақвияти низоми мудофиаи гражданӣ ва таъмини амнияти аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Бо ҳамин, ҷаласаи Ситоди мудофиаи гражданӣ кори худро ба анҷом расонид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 11










