Хабарҳои руз

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳнамои рушди ҷомеа

Дар доираи шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Айнӣ мулоқоти муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Зарафшон, Фондарё ва Анзоб баргузор гардид.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода маҷлисро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Паёми Президенти мамлакат ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва барномавие мебошад, ки самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро барои ҳар сол муайян менамояд. Зикр гардид, ки татбиқи босамари нуктаҳои Паём вазифаи ҳар як сохтори давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода зимни суханронӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки таҳкими истиқлолият, амалисозии барномаҳои давлатӣ, бунёди роҳҳои байналмилалӣ ва рушди соҳаи саноат натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлат мебошад.
Қайд гардид, ки шумораи корхонаҳои саноатӣ афзоиш ёфта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд. Маоши кормандон марҳила ба марҳила боло рафта, иқтидори истеҳсолӣ ва даромаднокии соҳаҳо афзоиш ёфтааст.
Дар Паём ба рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Зикр шуд, ки татбиқи технологияҳои муосир дар низоми бонкӣ, пардохти андоз ва маблағи нерӯи барқ шаффофиятро таъмин намуда, омилҳои коррупсионӣ ва азонихудкуниро коҳиш додааст.
Имрӯз пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои электронӣ ба осон гардидани фаъолияти соҳибкорон ва шаҳрвандон мусоидат мекунанд. Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки пардохти саривақтии андоз ва нерӯи барқ масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокин мебошад.
Дар мулоқот масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки замин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Истифодаи оқилонаи ҳар қитъаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа арзёбӣ гардид.
Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маориф рушд намуда, музди меҳнати омӯзгорон зиёд гардидааст. Таъкид шуд, ки омӯзгорон бояд пеш аз ҳама худ донишманд бошанд ва бо масъулияти баланд насли наврасро тарбия намоянд.
Прокурори ноҳия иброз дошт, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз оила, мактаб ва ҷомеа вобастагии калон дорад. Пешгирии радикализми динӣ, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот аз иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати нашри китобҳои арзишманд, аз ҷумла «Шоҳнома», «Тоҷикон» ва тафсири Қуръон ёдоварӣ гардид. Таъкид шуд, ки омӯзиши таърих ва фарҳанги миллӣ барои таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Алиҷон Рауфзода ва дигар масъулон масъалаи мубориза бо одамрабоӣ ва савдои одамонро матраҳ намуданд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва ҳуҷҷатҳои марбут ба Созмони Милали Муттаҳид ҳамроҳ буда, қонунгузории миллӣ низ такмил ёфтааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирӣ, ошкор ва мубориза бо ин ҷиноятро муайян менамояд. Мутобиқи қонунгузорӣ, барои савдои одамон, истифодаи меҳнати маҷбурӣ, фоҳишагарӣ, ғуломкунӣ ва дигар шаклҳои истисмор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Зикр гардид, ки ҳаёти шахсӣ ва паҳн намудани маълумоти хусусӣ бе иҷозати шахс манъ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд.
Ҳамчунин, дар доираи Стратегияи давлатии муқовимат ба савдои одамон тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият меёбад. Қайд гардид, ки дар ҷаҳон беш аз 27 миллион нафар қурбони ин падида мебошанд ва барои пешгирии он ҳушёриву зиракии шаҳрвандон зарур аст.
Махсус таъкид шуд, ки ҳолатҳои талбандагии ноболиғон, муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ ва ба шавҳар додани духтарони ноболиғ бояд зери назорати ҷиддии мақомоти марбута қарор гиранд.
Сардори амнияти ноҳия Азизҷон Ҳусейнзода доир ба масъалаҳои амният суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Раиси ноҳия шаҳрвандонро ба саҳмгузорӣ дар омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, изҳор дошт, ки ободии ҳар хонадон, деҳа ва ҷамоат аз масъулияти ҳар як сокин вобаста аст.
Қайд гардид, ки бояд аз исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда, аз ҷумла сафарҳои нозарурӣ, худдорӣ намуда, маблағҳо барои рушди оила, таҳсили фарзандон ва ободонии маҳал равона карда шаванд. Сармоягузорӣ ба дониш, касбомӯзӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи пешрафти устувори ҷомеа мебошад.
Дар анҷоми мулоқот шаҳрвандон вобаста ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат изҳор доштанд.
Таъкид гардид, ки танҳо бо роҳи донишандӯзӣ, меҳнати содиқона, эҳтиром ба қонун ва ваҳдати миллӣ метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 31

Leave a Reply

Back to top button