Хабарҳои руз

Тантанаи Идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

23-юми феврали соли 2026, дар дидбонгоҳи сарҳадии 0203-и Қушунҳои Сарҳадии ноҳияи Айнӣ, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тантанаи идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, намояндагони мақомоти маҳаллии ноҳия ва вилояти Суғд, инчунин кормандони сохторҳои қудратии ноҳия, афсарону сарбозон ва намояндагони ҷавонон иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ, Равшан Раҳимзода, зимни суханрониаш таъкид намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ таъсис ёфта, роҳи бисёр душвор ва сангинро тай намудаанд. Вай ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ ишора карда, гуфт, ки имрӯз Қувваҳои мусаллаҳ қодир аст амнияти давлат ва миллатро таъмин намояд, марзу буми кишварро ҳифз кунад ва дар таъмини оромӣ ва суботи кишвар нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин, Равшан Раҳимзода зикр кард, ки Қувваҳои мусаллаҳ дар ҷодаи барқарор кардани тартибот, ҳифзи қонуният ва дастовардҳои Истиқлолияти кишвар ҳамчун сипари боэътимод амал мекунанд.
Ба мақсади қадрдонӣ аз хизматҳои афсарону сарбозони қисми низомии 0203, ки саҳми арзанда дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва амнияти мамлакат гузоштаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ин шаҳодатномаҳо барои хизматҳои содиқона ва иҷрои вазифаҳои касбӣ дар таҳкими амнияти давлат ва миллати тоҷик ба афсарону сарбозон дода шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои тарбиявии ҳарбӣ ва рӯҳияи ватандӯстӣ, дар дидбонгоҳи сарҳадии Исрофилобод озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Озмун, ки бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта буд, ба баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии ҷавонон равона гардида, дар он дастави иштироккунандагон ба рақобат баромаданд. Ғолибони озмун аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ бо туҳфаҳои махсус сарфароз гардиданд.
Дар анҷоми тантанаи идона, барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд. Кормандони бахши фарҳанги ноҳия дар фазои тантанавӣ барномаи консертӣ ороста, табрикоти махсуси Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айн

Leave a Reply

Back to top button