
Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши идона Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, собиқадорони меҳнат ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ пас аз ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ бо сухани табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.
Равшан Раҳимзода зимни баромади худ иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи муназзаму тавоно ва такягоҳи боэътимоди давлат табдил ёфтаанд.
Таъкид гардид, ки имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии боэътимоди истиқлолу озодӣ, амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа буда, хизмат дар сафи он нишонаи баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мебошад. Зикр шуд, ки ҷавонони ноҳияи Айнӣ низ бо ҳисси баланди худогоҳиву садоқат ба Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда, дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Раиси ноҳия бо ифтихор аз ҷасорату матонат, интизоми намунавӣ ва рӯҳияи баланди хизматчиёни ҳарбӣ ёдовар шуда, ба ҳамаи афсарону сарбозон, собиқадорон ва аҳли оилаҳои онҳо саломатии бардавом, хотири ҷамъ, иродаи қавӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳои нав орзу намуд.
Ҳамзамон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар паём саҳми Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини амнияти кишвар баланд арзёбӣ гардид.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор намояндагони сохторҳои қудратӣ, инчунин падару модароне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро содиқона адо намуда истодаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом, ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи рангини консертӣ манзур намуда, ба чорабинӣ ҳусни хоса бахшиданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 24










