Хабарҳои руз

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони арҷманд, афсарону сарбозони шуҷоъ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Бо камоли эҳтиром ва ифтихор Шуморо ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи муназзаму тавоно ва такягоҳи боэътимоди давлат табдил ёфта, ҳифзи истиқлолу озодӣ, амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеаро содиқона таъмин менамоянд.
Имрӯз хизмат дар сафи Артиши миллӣ нишонаи баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мебошад. Ҷавонони ноҳияи Айнӣ низ бо ҳисси баланди худогоҳиву садоқат ба Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намуда, дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мо ҳамеша аз ҷасорату матонат, интизоми намунавӣ ва рӯҳияи баланди хизматчиёни ҳарбӣ ифтихор мекунем ва ба хизмати пуршарафи онҳо баҳои баланд медиҳем.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи афсарону сарбозон, собиқадорон ва аҳли оилаҳои онҳо саломатии бардавом, хотири ҷамъ, иродаи қавӣ, хонаи обод ва дар иҷрои вазифаҳои муқаддаси хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Нет описания фото.

Leave a Reply

Back to top button