
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони сарбаланди ноҳияи Айнӣ!
Бо эҳсоси баланди ифтихор, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу динӣ ва самимияти беандоза фарорасии моҳи мубораки Рамазонро ба кулли сокинони шарафманди ноҳияи Айнӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистони азиз табрику таҳният мегӯям.
Моҳи шарифи Рамазон моҳи нуру зиё, маърифат ва покизагии ботин аст. Ин моҳи муборак инсонро ба худшиносӣ, таҳаммул, сабру қаноат, эҳтироми якдигар ва анҷоми амалҳои хайр раҳнамун месозад. Рамазон мактаби бузурги ахлоқу инсонпарварист, ки дар он ҳар фарди ҷомеа имконият меёбад қалби худро аз кинаву адоват пок намуда, бо ниятҳои нек ва ормонҳои созанда зиндагии худро ранги тоза бахшад.
Мардуми фарҳангпарвару тамаддунофари мо ҳамеша бо эҳтиром ба арзишҳои волои динӣ ва миллӣ зиндагӣ намуда, фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо ҳифз мекунанд. Дар партави сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизамон ба сӯи рушду пешрафт қадамҳои устувор мегузорад. Арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ки Рамазон онҳоро тарғиб менамояд, пояҳои устувори ҷомеаи моро боз ҳам таҳким мебахшанд.
Моҳи шариф беҳтарин фурсат аст, то ба ятимону ниёзмандон дасти ёрӣ дароз намоем, ба корҳои хайру савоб саҳм гузорем, муҳити хонадон ва ҷомеаро бо меҳру муҳаббат ва самимият мунаввар созем. Ибодату тоат, худдорӣ аз амалҳои ношоиста ва тақвияти ахлоқи ҳамида моро ба сӯи камолоти маънавӣ раҳнамун месозад.
Итминони комил дорам, ки сокинони бонангу номуси ноҳияи Айнӣ чун ҳамеша бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, меҳнати софдилона ва дастгирии якдигар дар ободии диёр, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бигзор моҳи мубораки Рамазон ба ҳар хонадон файзу баракат, нуру зиё, тандурустӣ ва рӯзгори осуда оварад. Бигзор дуоҳои неку ниятҳои поки ҳар яки мо мустаҷоб гардида, кишвари маҳбубамон ҳамеша орому обод ва мардумаш сарбаланду саодатманд бошанд.
Бо беҳтарин таманниёт ва орзуи амалӣ гардидани ҳамаи ниятҳои нек, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро бори дигар ба кулли сокинони ноҳия, ҳамватанони азиз ва тоҷикони бурунмарзӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони обод ва комёбиҳои нав ба нав орзумандам.
Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад!











