Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ ба сохтмони ду муассисаи таълимӣ санги асос гузошта шуд

26 феврали соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндагони сохторҳои давлатӣ маросими тантанавии гузоштани санги асос барои сохтмони ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаҳои Мадм ва Вашани Ҷамоати деҳоти Урметан баргузор гардид. Ин иқдом идомаи сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва таваҷҷуҳи хос ба рушди соҳаи маориф дар маҳал маҳсуб меёбад.
Дар чорабинӣ муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Мирзозода, фаъолону калонсолони рӯзгордида, омӯзгорон ва сокинони деҳаҳо ширкат варзиданд. Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки бунёди муассисаҳои нави таълимӣ заминаи мусоид барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, фароҳам овардани шароити замонавӣ ва таъмини хонандагон бо муҳити муносиб барои донишандӯзӣ мебошад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Мадм
Муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Мадм барои 700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхона, китобхона, таҳхона барои бойгонӣ, озмоишгоҳ, ҳуҷраи омӯзгорон, ҳуҷраи муҳосиб, анбору ҳуҷраи хоҷагӣ, посбонхона ва дигар иншооти ёрирасон хоҳад буд.
Корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2026 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи босифат ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ амалӣ карда мешаванд. Фармоишгари иншоот Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 буда, корҳои бунёдиро ҶДММ «Исмоили Сомон» ба уҳда гирифтааст. Маблағгузорӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмин мегардад.
Бунёди чунин муассисаи калонҳаҷм имконият медиҳад, ки мушкили норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон бартараф гардида, сатҳи фарогирии таҳсил дар деҳа ба марҳилаи нав бардошта шавад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Вашан
Дар ҳамин рӯз барои бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Вашан низ санги асос гузошта шуд. Мактаби мазкур барои 384 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз ду ошёна ва 8 синфхона иборат хоҳад буд.
Дар тарҳи иншоот китобхона, бойгонӣ, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва кормандони хоҷагӣ, инчунин дигар инфрасохтори ёрирасон пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, мактаб бо дегхона барои таъмини гармӣ дар фасли зимистон, ҳавзи захираи об барои ҳолатҳои сӯхтор бо ҳаҷми 50 метри мукааб, анбор барои нигоҳдории сӯзишворӣ ва зеристгоҳи барқӣ муҷаҳҳаз мегардад.
Барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди муассиса майдончаҳои варзишӣ барои футбол, баскетбол ва волейбол бунёд карда мешаванд.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф — самти афзалиятнок
Зикр гардид, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар маҷмӯъ 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз нав сохта мешавад. Ин иқдомҳо дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба беҳбуди инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия равона шудаанд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки бунёди муассисаҳои таълимии нав дар баробари фароҳам овардани шароити муосир, ҳамзамон масъулияти омӯзгорону падару модаронро дар самти тарбияи насли босаводу ватандӯст бештар мегардонад.
Ҳамчунин, зимни мулоқоти озоду самимӣ бо хонандагон таъкид шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, азхудкунии технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои дақиқ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи онҳо қарор дошта бошад. Омӯзгорон бошанд, ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва таҳкими робитаи муассир бо падару модарон ҳидоят гардиданд.
Устодон ва сокинони маҳаллӣ ба ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити мусоид дар роҳи таълиму тарбияи насли ояндасоз саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 31

Leave a Reply

Back to top button