Хабарҳои руз

Дидорбинии Раиси ноҳияи Айнӣ бо сокини 93-сола

Дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста нисбат ба собиқадорону шахсиятҳои хизматнишондода, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар якҷоягӣ бо муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Мирзозода ба аёдати собиқадори соҳаи маориф Боболатиф Отаеви 93-сола рафт. Дидорбинӣ дар фазои самимӣ дар деҳаи Мадми Ҷамоати деҳоти Урметан баргузор гардид.
Боболатиф Отаев дар тӯли зиёда аз 60 сол ҳамчун омӯзгор дар муассисаҳои таълимии деҳоти ноҳия, аз ҷумла то минтақаҳои дурдасти водии Яғноб, фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи чандин насли хонандагон саҳми арзанда гузоштааст. Мавсуф ҳамчун омӯзгори содиқу масъулиятшинос миёни аҳли маориф ва сокинон обрӯву эҳтироми хоса дорад.
Зимни суҳбати гарму самимӣ Раиси ноҳия аз хизматҳои шоистаи ин омӯзгори варзида ёдовар шуда, таъкид намуд, ки саҳми собиқадорон дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли босаводу ватандӯст басо назаррас мебошад. Қайд гардид, ки таҷриба ва мактаби омӯзгории чунин шахсиятҳо барои омӯзгорони ҷавон намунаи ибрат аст.
Раиси ноҳия ба Боболатиф Отаев таманниёти нек изҳор намуда, барояш сиҳатмандии бардавом, рӯзгори осуда ва умри пурбаракат орзу кард. Ҳамзамон таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба қадршиносӣ ва дастгирии собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.
Собиқадор аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки пешрафту ободии диёр ва рушди соҳаи маориф мояи ифтихори ҳар як сокини ватандӯст мебошад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button