
Дар шаҳраки Сарводаи Ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди корхонаи муосири бетонтайёркунӣ ҷараён дорад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани он соҳаи сохтмони ноҳия боз ҳам рушд хоҳад ёфт.
Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ “Нури Дар-Дар” таъсис ёфта, бо таҷҳизоти замонавии бетонбарорӣ таъмин мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як соат то 100 метри мукааб ва дар як рӯзи корӣ то 1000 метри мукааб бетони тайёрро ташкил медиҳад. Бетони истеҳсолшаванда барои истифода дар иншооти хурду бузурге, ки имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия бунёд гардида истодаанд, пешбинӣ шуда, ба баланд бардоштани сифати сохтмон ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир мусоидат менамояд.
Бо оғози фаъолияти корхона 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд, ки ин иқдом дар беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва паст намудани сатҳи бекорӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.
Зимни боздид аз рафти васлу насби таҷҳизот, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо ташкилкунандагони корхона суҳбат намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси чунин як корхонаи муҳим изҳори сипос намуд. Мавсуф зикр кард, ки бунёди ин корхона далели равшани дастгирии сиёсати созандагию бунёдкории давлат буда, ба рушди босуботи соҳаи сохтмон, суръатбахшии корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар ноҳия мусоидат менамояд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки имрӯзҳо дар саросари кишвар, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фазои созандагию ободкорӣ вусъат ёфтааст. Дастгирии пайвастаи соҳибкорон аз ҷониби Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овардааст, то бахши хусусӣ фаъол гардида, дар пешрафти иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузорад. Бунёди чунин корхонаҳо нишонаи эътимоди соҳибкорон ба сиёсати иқтисодии давлат ва омили муҳими рушди саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва рушди истеҳсолот тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Бунёди корхонаи бетонтайёркунӣ дар ноҳияи Айнӣ ҳамчун иқдоми муҳими истеҳсолӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва вусъати корҳои созандагиву ободонӣ заминаи устувор мегузорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 12










