Хабарҳои руз

Таъмиру таҷдиди Беморхонаи ноҳиявии Зарафшон – қадами устувор дар таҳкими соҳаи тандурустӣ

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои таъмиру таҷдиди Беморхонаи ноҳиявии Зарафшон боздид ба амал оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида аз наздик шинос шуд.
Бояд зикр намуд, ки беморхонаи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ давра ба давра таъмиру азнавсозӣ гардида, ба талаботи муосири соҳаи тандурустӣ мутобиқ гардонида мешавад. Ҳадаф аз ин иқдом беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати сокинон мебошад.
Зимни боздид Раиси ноҳия таъкид намуд, ки рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ самараи сиёсати иҷтимоии дурандешона ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ иброз дошт: «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки “Саломатии миллат – сарвати бебаҳои давлат аст”. Маҳз таваҷҷуҳи доимии Роҳбарияти Олии кишвар ба соҳаи тандурустӣ имкон фароҳам овард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо муассисаҳои нави тиббӣ бунёд гардида, муассисаҳои амалкунанда пурра таъмиру таҷдид шаванд. Мо низ дар сатҳи ноҳия вазифадорем, ки татбиқи амалии ин сиёсати инсонмеҳварро таъмин намоем ва барои ҳифзи саломатии аҳолӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар созем».
Ҳамзамон, ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам баланд бардошта, муносибати ҳассосу ғамхорона бо беморонро таъмин намоянд, истифодаи самараноки таҷҳизоти муосири тиббиро ба роҳ монда, ба масъалаҳои тозагӣ, тартибот ва риояи меъёрҳои санитарӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар доираи корҳои анҷомёфта бинои асосии беморхона пурра навсозӣ гардида, ҳуҷраҳои бистаришавӣ, утоқҳои муоина ва табобат, инчунин шабакаҳои гармидиҳӣ, барқрасонӣ ва дигар инфрасохтори муҳандисӣ таъмир ва таҷдид карда шудаанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки шароити кории табибон беҳтар ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ гуфт Равшан Раҳимзода минбаъд низ ҷиҳати таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Бешубҳа, татбиқи чунин иқдомҳо дар ноҳияи Айнӣ далели равшани татбиқи амалии сиёсати иҷтимоии давлат дар маҳал буда, ба беҳбудии сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 20

Leave a Reply

Back to top button