Хабарҳои руз

Идомаи маъракаи кабудизоркунӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ маъракаи васеи кабудизоркунӣ идома дорад. Чорабинии навбатӣ дар шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон баргузор гардида, дар он раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.
Бо мусоидати Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия барои ин иқдом 400 бех арчаҳои навъи туякӣ ва маҷавеллик дастрас карда шуд. Сокинони шаҳрак бо руҳияи баланд дар шинонидани ниҳолҳо саҳм гузошта, барои ободонӣ ва зебоии муҳити зист талош намуданд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо иштирокдорон таъкид кард, ки сабзгардонӣ на танҳо омили зебоии маҳал, балки заминаи муҳими таъмини саломатии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
Маъракаҳои кабудизоркунӣ дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» роҳандозӣ мегарданд. Ин барнома дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 ироа намуданд, таҳия ва қабул гардидааст.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода таҳияи ин барномаро яке аз иқдомҳои муҳимми мамлакат дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим арзёбӣ намуда, афзуд, ки барномаи мазкур ба шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, коҳиши газҳои гулхонаӣ, беҳтарсозии сифати ҳавои атмосфера, нигоҳдории тавозуни экологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.
Ҳамзамон, дар деҳаи Сангистон дар заминҳои назди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Алиҷон Рауфзода иштирок намуд.
Дар боғи навбунёд ниҳолҳои себ, олу, зардолу ва дигар дарахтони ба иқлим мутобиқ шинонида шуданд. Масоҳати замини назди шуъба 50 сотихро ташкил дода, инчунин дар он кишти картошка ва дигар маҳсулоти полезӣ ба нақша гирифта шудааст.
Идомаи маъракаҳои кабудизоркунӣ дар ноҳияи Айнӣ далели таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масъалаҳои экологӣ ва беҳдошти муҳити зист мебошад. Бо иштироки фаъоли сокинон ва дастгирии мақомоти давлатӣ чунин иқдомҳо метавонанд барои бунёди муҳити сабзу хуррам ва солим барои наслҳои имрӯзу оянда заминаи устувор гузоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 43

Leave a Reply

Back to top button