Хабарҳои руз

Вохӯрии Раиси ноҳияи Айнӣ бо аҳли маориф

Дар ноҳияи Айнӣ вохӯрии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо аҳли маорифи ноҳия баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои муҳими рушди соҳа, боло бурдани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия дар суханронии худ аз нақши калидии омӯзгор дар тарбияи насли наврас ёдовар шуда, таъкид намуд, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва рушди соҳаи маориф равона гардидааст. Зикр шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2026 маоши омӯзгорон боз 25 фоиз зиёд карда мешавад, ки ин иқдоми навбатии роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати дастгирии аҳли маориф мебошад.
Қайд гардид, ки айни ҳол дар ноҳияи Айнӣ 1800 нафар омӯзгор фаъолият дошта, дар маҷмӯъ беш аз 3000 нафар дар соҳаи маориф маош мегиранд. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҷомеа имрӯз ба илму маърифат ниёз дорад ва танҳо тавассути саводнокӣ давлату миллат метавонанд ба пешрафт ноил гарданд. Ӯ иброз дошт, ки омӯзгорон ҳуқуқи маънавии беэътиноӣ нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони миллатро надоранд ва натиҷаи заҳмати онҳо дар даҳсолаи оянда ба таври возеҳ эҳсос хоҳад шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳо ва ташкили озмунҳои дохилӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Ба масъулон дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби бештари хонандагон ба илмомӯзӣ ва бедор намудани ҳисси омӯзиш тадбирҳои мушаххас андешанд. Зикр гардид, ки дар охири сол мактаби беҳтарин ва омӯзгори беҳтарин қадрдонӣ гардида, бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони як қатор иншооти соҳаи маориф идома дорад. Айни замон сохтмони 8 мактаб ва 4 кӯдакистон ба нақша гирифта шуда, тадриҷан мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ин тадбирҳо ба беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таҳсил равона шудаанд.
Раиси ноҳия инчунин ба масъалаи таъмини хонандагон бо сарулибоси мактабии истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ фурӯши он тавассути ярмаркаҳо, бахусус дар деҳот, ба роҳ монда шавад. Айни ҳол дар ноҳия се сехи дӯзандагӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ ва як коргоҳи истеҳсоли пойафзол фаъолият дошта, барои омодагӣ ба соли нави таҳсил тадбирҳои пешакӣ андешида мешаванд. Ҳамчунин ҷиҳати рушди либосҳои миллӣ ва тарғиби пӯшидани он дар рӯзгор ва ҷашну маросимҳо тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба истифодаи самараноки таҷҳизоти таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ ва тахтаҳои электронӣ, инчунин нигоҳдошти дурусти муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ зери ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон амал намуда, ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомеа тамоми имкониятҳоро сафарбар хоҳад кард.
Дар анҷоми суханронӣ ӯ бо изҳори боварӣ гуфт: «Тақдири ояндаи миллат дар дасти шумост», ва аҳли маорифро ба фаъолияти содиқона ва масъулиятшиносона ҳидоят намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 12

Leave a Reply

Back to top button