
Пахта ҳамеша яке аз рукнҳои асосии иқтисодиёти аграрии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ онро «пахта – боигарии давлат» меномиданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакориро ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти иқтисодӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ афзалият медиҳад.
Дар доираи «Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2021–2025» ва «Стратегияи миллии рушди соҳаи кишоварзӣ то соли 2030» як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гаштанд:
ворид намудани навъҳои нави серҳосили пахта;
беҳтар намудани низоми обёрӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои каммасрафи об;
дастгирии молиявӣ ва қарзии хоҷагиҳои пахтакор;
таҳкими занҷири пурраи истеҳсолот – аз кишт то коркарди ниҳоӣ.
Натиҷаи татбиқи чунин барномаҳо ба он мусоидат кард, ки истеҳсолоти пахта на танҳо ҳамчун ашёи хом, балки бо маҳсулоти коркардшуда – ришта, матоъ ва равғани техникӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир гардад.
Имсол дар ноҳияи Зафаробод 10 170 гектар замин бо пахта кишт карда шудааст. Бо шарофати боду ҳавои мусоид ва таъмини хуби обёрӣ ҳосили пахта назар ба солҳои гузашта фаровон шуд. То имрӯз тақрибан 25 фоизи ҳосил ҷамъоварӣ гардида, дар се марҳилаи чинак миёнаи ҳосилнокӣ ба 35 сентнер аз ҳар гектар мерасад.
Барои ҷамъоварии саривақти ҳосил аз ҳудуди вилоят садҳо нафар сокинон ба саҳро сафарбар шуданд.
Бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, зиёда аз 300 нафар сокинони ин ноҳия барои ёрӣ ба деҳқонони Зафаробод фиристода шуданд. Ин иқдом на танҳо суръати корҳои мавсимиро баланд мебардорад, балки робитаҳои меҳнатӣ ва ҳамкории байниноҳиявиро таҳким мебахшад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар суханронии худ бо иқтибос аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард:
«Пахта ганҷи замини Тоҷикистон аст. Мо бояд заминро эҳтиёт намуда, бо истифода аз илму техникаи навин ва заҳмати содиқонаи деҳқонон истеҳсоли онро афзун созем, то кишвар ба яке аз истеҳсолкунандагони пешқадами минтақа табдил ёбад».
Пахтачинони ноҳияи Айнӣ ҳар як одам дар як рӯз зиёда аз 90 килограмм пахта ҷамъоварӣ мекунад, ки ин барои анҷоми босифати мавсими ҳосилчинӣ ва дастгирии деҳқонони Зафаробод саҳми назаррас мегузорад.
Тадбирҳои пайгиронаи Ҳукумат, истифодаи навовариҳои агротехникӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ нишон медиҳанд, ки соҳаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон имкони воқеии рақобат дар бозори ҷаҳониро касб намуда, ба таҳкими иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси ноҳияи Зафаробод Муқим Муродзода аз кумаки сокинони ноҳияи Айнӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, афзуд, ки сафарбар шудани зиёда аз 300 нафар сокинони ин ноҳия на танҳо суръати ҷамъоварии ҳосили пахтаро афзун кард, балки намунаи барҷастаи ҳамкории бародарона ва эҳтироми мутақобилаи байни сокинони вилоят мебошад. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдомҳо барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар саросари кишвар аҳамияти бузург доранд.





и ещё 37