Хабарҳои руз

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд.
Ҷаласаро раиси Шӯро – прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо рӯзномаи корӣ ва вазифаҳои муҳими баррасишаванда шинос кард.
Дар кори ҷаласа муовини раиси ноҳия Фарҳод Мукаррамзода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар ноҳия Азизҷон Ҳусейнзода, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Алиҷон Рауфзода, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Айнӣ Шарифзода Муҳаммадлатиф, сардори Нозироти андоз Оқилҷон Шодиев, комиссари ҳарбии ноҳия Гулмурод Одиназода, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони комиссияҳои даъват ва дигар сохторҳои марбута ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
2. Таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ;
3. Пешгирии саркашии шаҳрвандон аз хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон;
4. Татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021–2025, ҳамзамон иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва «Дар бораи муқовимат ба экстремизм».
Прокурори ноҳия Саидҷамол Ҷалолзода аз камбудиҳои ҷойдошта дар таҳсилоти ҳарбӣ ва омодагии ибтидоии ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, хотиррасон кард, ки шахсони саркаш аз хизмати ҳарбӣ тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Сардори шуъбаи КДАМ Азизҷон Ҳусейнзода вазъи мураккаби ҷаҳонии терроризм, усулҳои нави ҷалби ҷавонон аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ва аҳамияти ҳамкории наздики аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро шарҳ дода, таъкид намуд, ки бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна пеш мебарад ва яке аз кишварҳои амни минтақа маҳсуб меёбад.
Ёрдамчии калони прокурори ноҳия Раҳимҷон Саидзода татбиқи амалии Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм (солҳои 2021–2025), ҳамчунин иҷрои меъёрҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро муфассал тавзеҳ дода, зарурати вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон ва омӯзгоронро таъкид кард.
Намояндагони ШВКД, аз ҷумла Насим Носиров ва Мустафо Арбобзода, оид ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ ва назорати шаҳрвандоне, ки дар кишварҳои исломӣ таҳсилоти динӣ гирифтаанд, гузориш пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа Саидҷамол Ҷалолзода таъкид кард, ки даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба қонун ва садоқат ба давлат амалӣ гардад. Иҷрои моддаи 34-и Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», санҷиши дақиқи тиббӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ вазифаи доимии тамоми сохторҳои марбута мебошад.
Мувофиқи таклифу пешниҳодҳои иброзгардида қарорҳои дахлдор қабул шуда, иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ қарор хоҳад гирифт.
Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ
и ещё 27

Leave a Reply

Back to top button