Хабарҳои руз

Гирдбасткунии майдони варзишии назди МТМУ №16, деҳаи Шаватки Боло

27 сентябри соли 2025 дар деҳаи Шаватки Болои ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ корҳои гирдбасткунии майдони варзишии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 идома доранд. Ин амал бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан бо ҳидояту пуштибонии Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода ба иҷро мерасад.
Гирдбаст шудани майдон орзуи чандинсолаи муҳассилини муассисаи таълимӣ ва ҷавонони деҳа ба ҳисоб меравад. Бо намояндагӣ аҳли деҳа изҳори сипосу миннатдории худро ба роҳбарияти ноҳия расонда, изҳор карданд, ки ин иқдом на танҳо барои рушди варзиш, балки барои тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард.
Ҷавобан ба ин дастгириҳо се нафар ҷавонони ватандӯсти деҳаи Шаватки Боло ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Онҳо аз комиссияи тиббӣ гузашта, рӯзҳои наздик ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегарданд.
Чанде пеш Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои сохтмон дидан намуда, ба нафароне, ки дар пешбурди ин амал саҳм мегузоранд, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айниро баён дошт.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин иброз дошт:
«Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат имрӯз дар ҳар гӯшаи кишвар майдонҳои варзишӣ ва иншооти замонавӣ бунёд мегарданд. Мо вазифадорем, ки ин анъанаи созандагиро идома дода, барои насли наврас муҳити солим ва имкониятҳои фаровон муҳайё созем».
Ин иқдом боз як гоми муҳим дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими тарбияи ватандӯстии ҷавонони ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб меравад.
и ещё 3

Leave a Reply

Back to top button