
25 сентябри соли 2025 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаласаи сайёри назди сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷуразода, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода, роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳаи маорифи вилоятиСуғд, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, директорон ва ҷонишинҳои директорони муассисаҳои таълимӣ, инчунин мудирони муассисаҳои томактабӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва барои саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ кард. Баъдан сухан ба сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода дода шуд. Ӯ бо дастгирии умумии иштирокчиён кори ҷаласаро расман кушода эълон кард ва рӯзномаи ҷаласа тасдиқ гардид.
Рӯзномаи ҷаласа
1. Санҷиши сатҳу сифати таълим ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №483
«Дар бораи Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Айнӣ.
2. Масъалаҳои ҷорӣ.
Барои баррасии мавзӯъҳо муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Абдураҳим Қурбониён, мудири шуъбаи Маркази таълимию методӣ Зубайдуллозода Ибодулло, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо Абдувоҳидзода Фирӯза, мутахассиси пешбари Маркази таълимию методӣ Саидаҳмедов Ильҳом, мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон Ҳайдаров Алишер ва мутахассиси пешбари Маркази таълимию методӣ оид ба муассисаҳои томактабӣ Қодирова Фирӯза бо гузоришҳои муфассал баромад карданд.
Дар рафти санҷиши сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия маълум гардид, ки дар баробари комёбиҳои назаррас як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд. Ин норасоиҳо асосан ба истифодаи нокифояи усулҳои муосири таълим, зарурати такмили ихтисоси омӯзгорон ва фароҳам овардани заминаҳои техникӣ барои омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ марбут мебошанд.
Муовини раиси вилояти Суғд, сарпарасти соҳаи маориф муҳтарам Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таълим, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ва боло бурдани савияи касбии омӯзгорон вазифаи аввалиндараҷа буда, бояд тадбирҳои амалии иловагӣ роҳандозӣ шаванд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода низ дар ҷамъбасти ҷаласа бо таъкид ба аҳли омӯзгорон муроҷиат намуда, иброз дошт, ки ҳар як омӯзгор бояд масъулияти баланд дошта бошад ва «пеш аз ҳама ба сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ диҳад».
Дар идомаи баромади худ раиси ноҳия ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истинод овард: «Маориф бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Касе, ки илму дониш надорад, наметавонад ояндаи худро ва ояндаи давлату миллатро таъмин намояд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия вазифаи ҷонии ҳар як омӯзгор аст».
Ҷаласаи сайёри назди сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тақвияти малакаи касбии омӯзгорон ва ҳамкории байни сохторҳои маориф бахшида шуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи маориф дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам овард.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 21