
Субҳи имрӯз дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маркази ноҳияи Айнӣ, маросими ботантанаи гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии тантанавӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони сохторҳои низомӣ, шӯрои собиқадорон, омӯзгорон, волидайн ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Маросим бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар суханронии худ иброз дошт, ки гусели даъватшавандагон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №1071 баргузор гардида, оғози навбатии маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро мужда медиҳад.
— «Имрӯз, ҷавонони шуҷои ноҳия, ки бо амри дилу виҷдон хизмати Модар — Ватанро қарзи муқаддаси худ донистаанд, озими адои қарзи шаҳрвандӣ мегарданд. Мо бо ифтихор онҳоро гусел менамоем ва ба ҳар яки онҳо дар роҳи пурмасъулияти муҳофизати марзу буми кишвар роҳи сафеду сарбаландӣ орзумандем», — таъкид намуд раиси ноҳия.
Мавсуф изҳор дошт, ки Артиши миллии кишвар имрӯз бо таъминоти зарурии моддиву техникӣ, низоми устувори омодагии ҷангӣ ва ҳайати касбии муосир аз ҳар ҷиҳат қудратманд гардида, қодир аст, амният ва суботи ҷомеаро таъмин намояд.
Сипас прокурори ноҳияи Айнӣ Саидҷамол Ҷалолзода дар баромади худ иброз дошт, ки воқеаву таҳаввулоти мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияти ҳар як шаҳрванди кишварро бештар менамояд. Ӯ таъкид кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зикр месозанд, ки таҳкими зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи насли ҷавон мебошад. Дар шароити муосир ҷавонон бояд аз таъсири равияҳои ифротӣ ва ғояҳои тахрибкорона эмин бошанд.
Раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдушукур Хокирозода зимни суханронӣ хизмати ҳарбиро мактаби бузурги тарбия ва шуҷоату матонат номид. Ӯ таъкид намуд, ки бояд ҷавононро аз синни мактабӣ ба эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватан ва омодагӣ ба адои хизмати ҳарбӣ тарбия намуд.
— «Маҳз хизмати ҳарбӣ аст, ки ҷавонписарон дар он шуҷоату мардонагӣ, садоқат ба Ватан ва ҳифзи хоки муқаддаси Модарро меомӯзанд. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила оғоз ёфта, тавассути муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ташаккул меёбад ва дар Артиши миллӣ такмил меёбад», — зикр кард Хокирозода.
Баъдан, даъватшаванда Разиаллоҳ Ҷумъаев аз Ҷамоати деҳоти Дар-Дар ва *Илёс Муҳаммадиев, падари яке аз даъватшавандагон аз Ҷамоати деҳоти Рарз, дар суханронии худ хизмати ҳарбиро шараф ва мактаби бузурги садоқат ба миллату давлат арзёбӣ намуданд.
Бо ташаббуси раиси ноҳия ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа”, ҷавонони ихтиёрӣ пеш аз гусел таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси ронандагӣ гардиданд. Дар доираи чорабинӣ ба онҳо *Гувоҳномаи ронандагӣ” супорида шуд.
Маросими анъанавии нонгазонӣ, ки рамзи хайру дуо ва сарбаландии роҳ аст, бо эҳтироми хос сурат гирифта, дар анҷом барномаи фарҳангии пурмуҳтаво ва хотирмон манзури иштирокчиён гардид, ки дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ нақши муассир гузошт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
2 октябри соли 2025





и ещё 45