Хабарҳои руз

Вохӯриҳои сарироҳӣ бо усули маҳал ба маҳал дар ноҳияи Айнӣ

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо аз аъзои гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар маҳалҳо сӯҳбату мулоқотҳо доир намуда истодаанд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбарияти ноҳияи Айнӣ имрӯз гурӯҳи ташвиқотӣ дар деҳаи Ревад бо мардум мулоқотҳо карданд.
Зимни баромадҳои худ масъулон ба сокинон аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, дар мавриди сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, эҳтиёткорона истифода кардани ангишт ва дигар маводи сӯхт, захира кардани маҳсулоти хӯрока, омода намудани замини кишт барои фасли баҳор, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ, пешгирии зӯроварӣ ба оила, дастгирию кумак ба қисми осебпазири ҷомеа, ҳамдилию ваҳдатгароӣ, баланд бардоштани ҳисси хизмат ба Ватан-Модар дар дили ҷасурони диёр ва сидқан адо намудани хизмати ҳарбӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро изҳори ақида намуданд.
Қайд гардид, ки ҳар як сокинони кишвар баҳри ободиву созандагӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани хеш худро масъул шуморида, дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ширкати фаъолона дошта бошанд.
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

39

Leave a Reply

Back to top button