Хабарҳои руз

Боздиди Раиси ноҳияи Айнӣ аз шаҳраки Зарафшон-1

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барномаҳои зиёди давлатӣ ҷиҳати ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, солимгардонии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун амалӣ мегарданд.
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Субҳи имрӯз 22-юми январи соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз Беморхонаи шаҳраки Зарафшон – 1 боздид кард. Айни ҳол дар Беморхона таъмири куллӣ рафта истодааст.
Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва дар марҳилаи кунинӣ тақвият ёфта истодааст. Дар воқеъ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхона аз ҷониби ташкилоти ЮНИСЕФ таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.
Раиси ноҳия зимни боздид аз рафти корҳои таъмирӣ бо духтурон ва таъмиргарон сӯҳбат намуда, афзуд, ки пешрафт ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустӣ зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Зикр гардид, ки саломатии миллат боигарии давлат аст ва ин нуктаи муҳиму тақдирсоз аз таъкидҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад. Дар робита ба ин метавон хулоса кард, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда, дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ гомҳои устувор гузошта шуд.
Рӯзибой Раҳимзода ба мутасаддиён ва таъмиргарон ҷиҳати сифатнок таъмир намудан дастуру тавсияҳои мушаххас дода, инчунин, ба ҳайати хизматрасони Беморхона таъкид намуд, ки бо истифода аз шароити мусоид хизматрасониро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд.
Сипас, Раиси ноҳия аз рафти корҳои таъмиру таҷдиди МТМУ №6-и шаҳрак дидан кард. Дар ҳақиқат, дар даврони Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ ба дастовардҳои арзишманд дар соҳаи маориф сазовор гардидааст.
Бо ибтикори МИҲД-и ноҳияи Айнӣ аз ҷониби КМ ТА “Анзоб” дар муассиса таъмиру таҷдиди пурра ба роҳ монда шудааст, ки аллакай 80 фоизи корҳо ба сомон расонида шудааст. Раиси ноҳия аз таъмири толорҳои маҷлисӣ ва варзишии Муассиса боздид карда, ба сифати таъмир баҳои баланд дод. Дар воқеъ толорҳои мазкур бо сифати аъло таъмиру таҷдид гардида, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошанд.
Муассиса аз ҷониби ширкати КМ ТА “Анзоб” давра ба давра таъмир гардида истода, сифати таълиму тарбия низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Рӯзибой Раҳимзода ба ширкати болозикр барои чунин дастгирӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳайати омӯзгорону дигар кормандони техникии муассиса барои нигоҳдошти хуби он таҳсин гуфт.
Соҳаи фарҳанг баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рушду инкишофи бесобиқа ёфт. Муассисаҳои фарҳангӣ ҳамчун пойгоҳи тарбияи ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, то имрӯз рушди бесобиқа намудаанд. Хусусан сохта ба истифода додани як қатор иншоотҳои муҳими фарҳангӣ дар ноҳияи Айнӣ аз қабили осорхона, китобхона, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, гулгаштҳои саёҳатӣ ва ғайра дар ин самт хеле вусъат дода шуд.
Раиси ноҳия аз Қасри фарҳанги ба номи Мирзобек Мирзобадалов ва гулгашти он дидан кард. Рӯзибой Раҳимзода таъкид кард, ки моро зарур аст фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем. Таъкид гардид, ки бояд аҳли ҷомеа ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб шаванд ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Раиси ноҳия ба мутасаддиён оид ба боз ҳам беҳтар гардонидани шароити Қасри фарҳанг ва гулгашт, ҳамзамон барои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ кардани онҳо дастуру супоришҳо дод.
Сипас, раиси ноҳия аз Қалъаи Сарвода дидан кард.
Қалъаи Сарвода яке аз нодиртарин ёдгориҳо ба ҳисоб рафта дар теппаи байни дарёҳои Пасрӯд ва Фондарё ҷойгир шудааст. Аз баландии қалъа роҳи тагоби Фон, дараи Пасрӯд ва дараи Искандар хуб назар карда мешавад. Девори қалъа аз санг ва хишти хоми маҳал буда, дар майдони 40Х55 ҷойгир шудааст. Дар атрофи қалъа манораҳо низ вуҷуд дошта, роҳи зеризаминӣ то назди дарёи Пасрӯд сохта будааст, ки то ба ҳол мавҷуд аст. Қалъа ҷои мирнишинон буда, асосан беки Фон бо ҳаста ва хизматгорони худ он ҷо маскан гирифта буданд. Зимни омӯзиш маълум гардидааст, ки дохили қалъа аз 38- хонаҳои гуногун аспхона ва оғилхона барои нигоҳ доштани чорво сохта шуда будааст. Зимни кофтуковҳо тамоми лавозимоти рӯзгор, ки аз чӯб ва керамика сохта шудаанд, дарёфт шудааст. Ҳамчунин асбобҳои оҳанин, мӯҳраву дигар ороишҳои занона аз металҳои қиммат ва матоъҳои пахтагӣ, карбос, беқасаб бо нақшу нигорҳо дарёфт шудаанд. «Ҳайкали ҷавоне бо бурут» (юноша с усами). Соли 1979 рӯ ба рӯи Қалъаи Сарвода дар тарафи рости дарёи Фон аз як ғори кӯҳи сурх ҳайкали чӯбин дарёфт шуд, ки дар он симои ҷавони бурутдор тасвир шуда буд. Баландии ҳайкал 1-метр буда, дар дасташ найза ё сипари 2,2см дошт. Ҳоло дар назди қалъаи Бутамон – шоҳи Сарвода ҳайкали «афсари номаълум» қомат афрохтааст.
Раиси ноҳия ба масъулин бобати нигоҳубини Қалъа ва ҳифзи он чун ёдгории таърихӣ дастур дод.
и ещё 30
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

70

Leave a Reply

Back to top button