Хабарҳои руз

Вохӯрии Раиси ноҳия бо сокинони деҳаи Урметан

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо сокинони деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан вохӯрию мулоқоти сарироҳӣ анҷом дод.
Нахуст, Раиси ноҳия дар мавзеи Лангари деҳаи Урметан аз рафти бунёдкориҳои кӯча боздид намуд. Ёдовар мешавем, ки соли 2023 бар асари боришоти зиёд дар ин мавзеъ сел омада, ба кӯчаю ҳавлӣ ва баъзе хонаҳои истиқоматии сокинон хисороти зиёде оварда буд. Хушбахтона ин хисорот бо кӯмаки МИҲД-и ноҳия ва аҳли сокинони ноҳия вайрониҳо имрӯз пурра бартараф гардида, роҳу ҷӯйборҳо ва хонаҳои мардум барқарор карда шуд.
Сипас, Раиси ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон дар маҳал расонида, ба аҳолӣ ҷиҳати татбиқи босамари тадбирҳо, нақшаи чорабиниҳо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои мухталифи ҷомеа, барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи зимистони соли 2025, вобаста ба таъсири манфии равандҳои номатлуби ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ба иқтисоду иҷтимоиёти кишвар, барои ба қадри кофӣ захира намудани маводи зарурӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои обӣ, кам кардани талафоти техникии нерӯи барқ, ҷамъоварии дуруст ва пурраи маблағҳои истифодабарии нерӯи барқ ва тарғиби фарҳанги сариштакорӣ дар рӯзгори мардум тавсия дод.
Раиси ноҳия, ҳамчунин, оид ба вусъати корҳои ободонӣ, кишту кори баҳорӣ ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолону сокинон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, ба мардуми деҳа Рӯзибой Раҳимзода риояи қатъии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” талаб кард.
Сокинони деҳа аз Раиси ноҳия барои бунёди майдончаҳои варзишӣ, бино барои баргузории маъракаҳои иҷтимоӣ ва таъмин намудани Дашти Устообод бо оби полезӣ дархост карданд. Рӯзибой Раҳимзода гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ талабу дархостҳои Шуморо ба инобат гирифта, албатта нақшабандӣ мекунад ва дар сурати пайдо гардидани имтиёзҳо давра ба давра рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар деҳаи Урметан такомул медиҳад.
и ещё 6
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

64

Leave a Reply

Back to top button