Хабарҳои руз

Дар деҳаи Урметан омӯзишгоҳи тиббӣ бунёд мегардад

Беҳдошти ҳифзи саломатӣ, таъмини босифати хизматрасонии тиббӣ ва такмилу рушди соҳаи тандурустӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ба шумор меравад.
Тавре, ки Роҳбари давлат дар Паём иброз доштанд: «Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад». Вобаста ба ин ва зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан аз ҷониби собиқадори соҳаи тандурустӣ Мироқил Мирсаидов, барои 120 нафар донишҷӯ Омӯзишгоҳи тиббӣ бунёд карда мешавад. Омӯзишгоҳ аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якумаш аллакай маркази дандонпизишкӣ ва нуқтаи фурӯши доруҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар ошёнаи якум як ошхона барои донишҷӯён бунёд гардида истода, дар ошёнаи дуюм ва сеюми бино 10 намуд маркази ташхису табобатӣ ва синфхонаҳо барои омӯзиш бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи замони муосири илмомӯзӣ бунёд мегардад.
Рӯзибой Раҳимзода, Раиси ноҳияи Айнӣ зимни боздид аз рафти корҳои бунёдкорӣ гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ, ба талаботи замони нав мутобиқ намудани он ва ба ин васила таъмни ҳаёти солими ҷомеа ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёди назаррасеро анҷом доданд. Яке аз падидаҳои мусбии соҳа дар замони соҳибистиқлолӣ ин ба вуҷуд омадани тибби хусусӣ мебошад. Агарчӣ дар ин самт мутахассисони мо дар ибтидо таҷрибаи чандон кофӣ надоштанд, аммо марҳила ба марҳила ва зери ғамхории давлат ба музаффариятҳо ноил гардиданд. Мо умед дорем, гуфт Раиси ноҳия бо бунёд гардидан ва ба фаъолият шурӯъ намудани ин омӯзишгоҳ мутахассисони маҳаллӣ зиёд мешаванд ва дар рушди соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Рӯзибой Раҳимзода ҳамчунин, афзуд, ки агар дар сурати дуруст татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мазкур ба роҳ монда шаваду донишҷӯён касби худро хуб азбар кунанд, эҳтимол аст дигар мушкилоти ҷиддӣ дар нарасидани кадрҳо дар соҳаи тандурустии ноҳия домангирӣ мо нашавад.
и ещё 6
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ и ещё 61

Leave a Reply

Back to top button