Хабарҳои руз

Боздиди Раиси ноҳия аз муассисаҳои иҷтимоӣ

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Урметан боздид кард. Зимни боздид Раиси ноҳия дар муассисаи мазкур бо вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, инчунин, таъмини муассиса бо кадрҳои омӯзгорию шароити он шинос гардид.
Ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур шароит хеле хуб ба роҳ монда шуда, синфхонаҳо гарм ва муассиса бо лавозимоти зарурии таҳсил сад фоиз таъмин мебошад.
Зимни сӯҳбат бо роҳбарият ва омӯзгорони муассиса Раиси ноҳия дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба соҳаи маориф фаъолиятро тақвият бахшида, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони хуби забондон, муҳимтар аз ҳама, таъмини муассиса бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Сипас, Раиси ноҳия аз Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Урметан дидан кард. Нахуст, Рӯзибой Раҳимзода аз вазъи системаи гармидиҳии Беморхона боздид карда, бо шароити гармидиҳии он шинос шуд. маълум шуд, ки кор дар ин қисми табобатгоҳ хеле хуб роҳандозӣ гардида, ҳарорати ҳуҷраҳои табобатӣ дар сатҳи зарурӣ қарор доранд. Дар ҳар ҳуҷра барои беморон шароити хуб фароҳам оварда шуда, бо оби гарму хунук ва рахти хоб таъмин мебошанд.
Зимни боздид аз маркази ташхис, ҳуҷраҳои табобатӣ ва дигар утоқҳои корӣ Раиси ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кормандон барои дар чунин ҳолат нигоҳ доштани Беморхона миннатдорӣ баён кард.
Раиси ноҳия бо табобатгирандагони Беморхона сӯҳбат карда, ба онҳо шифои комил орзу намуд. Беморон аз сифати хизматрасонии табибон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҳамчунин бар Роҳбарияти Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин Беморхона изҳори сипос карданд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода аз табибон даъват ба амал овард, ки ҳангоми фаъолият, бо беморон пеш аз ҳама хушмуомила бошанд, зеро бемор бештар аз дигарон ба муомила ва сухани хуб муҳтоҷ аст, яъне табиб ҳам бо дорую дармон ва ҳам бо рафтору гуфтор шахси беморро муолиҷа ва табобат мекунад. Шумо бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ, ки дар ин ҷо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат муҳайё гардидааст, фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, ба мардум хизмати бо сифати тиббӣ расонед. Зеро, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Урметан дар оянда кори табибонро ҷиҳати хизматрасонӣ ба тамоми мардуми ноҳия бояд босамар бошад. Зеро, бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ва амалисозии барномаҳои миллӣ соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ ба хусус дар ноҳияи Айнӣ рушду пешрафт карда, дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки давлат ба шумор меравад.
и ещё 22
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ и ещё 81

Leave a Reply

Back to top button