Яке аз беҳтарин хислатҳои мардуми тоҷик меҳрубониву дилсӯзӣ ва ғамхорӣ нисбати дармондагону маъюбон аст, ки аз дараҷаи тафаккури баланди азалан инсонпарваронаи миллати нармдилу хайрхоҳ ва савобандеши мо маншаъ мегирад. Дастгирӣ намудани табақаи ниёзманди ҷомеа, маюбону барҷомондагон, шахсони бесаробонмонда, шахсони бемории рӯҳидошта дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пайваста ба ин қишри осебпазири ҷомеа кӯмак намуда, ҳамеша аз ҳолу аҳволашон бохабаранд.
Субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз шӯъбаи касалиҳои рӯҳии Беморхонаи марказии ноҳия боздид ба амал оварда, бо кормандони шӯъба сӯҳбат орост.
Рӯзибой Раҳимзода, нахуст, дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишварро ба онҳо расонида, ба масъулон барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани шӯъба, хизматрасонии босифат ва бо шафқату меҳрубонӣ муносибат кардан ба беморонро тавсия дод.
Маълум гардид, ки фаъолият дар шӯъбаи касалиҳои рӯҳии Беморхонаи марказӣ дар ҳолати хуб ба роҳ монда шуда, айни ҳол 9 нафар беморони рӯҳӣ табобат гирифта истодаанд. Шӯъба барои табобат ва нигоҳдошти беморон мувофиқи матлаб буда, ҳуҷраҳо гарм ва шароити хеле хубӣ табобатӣ фароҳам оварда шудааст. Мутасаддиёни шӯъба барои зимистонгузаронӣ тамоми лавозимотро омода намуда, ҳама шароит дар он муҳайё мебошад.
Бо ташаббуси роҳбарияти МИҲД-и ноҳия имрӯз ба шӯъба аз ҷониби як нафар шахси саховатпеша, зодаи деҳаи Гузари Боди ноҳия Одинаев Аҳмад Ноёбович маводи ғизоӣ кӯмак карда шуд. Рӯзибой Раҳимзода, -Раиси ноҳияи Айнӣ кӯмаки фарди саховатпешаро шоистаи таҳният дониста, ба ӯ барои гузоштани саҳми арзанда дар таъмини ободониву шукуфоии маҳал, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдӣ пайравӣ аз иқдому ташаббусҳои хайрхоҳона, инсондӯстона ва сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин раванд кӯшишу ғайрат ва талошҳои пайваста ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайру саховат , аз ҷумла дастгирии оилаҳои ниёзманду эҳтиёҷмандон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Раиси ноҳия қайд кард, ки ин беморон ҳаргиз худро танҳову нотавон ва бекасукӯй эҳсос намекунанд, балки шукрона аз даврони осудаву зиндагии шоистае доранд, ки барояшон аз баракати талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст. Пешвои дилсӯзи миллатамон ҳамеша аз ҳоли дармондагону ятимон ва маъюбон хабар мегиранд ва дар рафъи мушкилоти онҳо кумакҳои худро дареғ намедоранд. Меҳрубониву ғамхорӣ дар ҳаққи беморону маъюбон, ҳамеша ҳолпурсиву дилбардорӣ ва дастгирӣ кардани онҳо рисолати инсонии ҳар як инсони соҳибдилу соҳибандеша аст. Кӯмаку дастгирӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа аз ҷониби МИҲД-и ноҳия ва шахсони саховатпешаи ноҳия мояи ифтихор маҳсуб ёфта, дар оянда низ ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, чунин амалҳои хайру савоб пайваста ба роҳ монда хоҳанд шуд.
и ещё 6
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
83