Хабарҳои руз

Маҷлиси Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони ноҳияи Айнӣ

Дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ субҳи имрӯз, 20-уми январи соли 2025 Маҷлиси Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони ноҳияи Айнӣ баргузор карда шуд.
Дар кори Маҷлиси Пленуми ғайринавбатии собиқадорони ноҳияи Айнӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.
Собиқадори меҳнат, собиқ муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулчеҳра Саъдуллоева ба кори Маҷлиси Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони ноҳияи Айнӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Маҷлиси Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони ноҳияи Айнӣ аз як масъала:
-Дар бораи интихоби раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Айнӣ; мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо Қарори Маҷлиси Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони ноҳияи Айнӣ аз 20-уми январи соли 2025 ваколати собиқ раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Айнӣ Шодиқул Бобоҷонов бинобар сабаби вафоташ қатъ гардида, Абдушукур Хокирозода раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Айнӣ таъин карда шуд.
Раиси ноҳия зимни баромади худ аз бенуқсону содиқона ва фаъолияти пурсамари Шодиқул Бобоҷонов ёдовар шуда, зикр намуд, ки ӯ ҳамчун шахси кордон ва масъулиятшинос аз худ хотираи нек боқӣ гузошт.
Ҳамчунин, Рӯзибой Раҳимзода ба фаъолияти Абдушукур Хокирозода муваффақиятҳо таманно карда, қайд кард, ки бо ҳамин раванд фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияро пеш барад.
Аъзоёни Шӯрои собиқадорони ноҳия интихоби раиси Шӯроро якдилона тарафдорӣ намуда, Маҷлиси Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони ноҳияи Айнӣ худи ҳамин рӯз кори худро анҷом дод.
и ещё 6
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

66

Leave a Reply

Back to top button