Хабарҳои руз

Маҷлиси васеъ бо фаъолон

20 январ дар толори маҷлисии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти раёсати Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода маҷлиси назди Раиси ноҳия баргузор гардид, ки дар он раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони дастгоҳи иҷроияи раиси ноҳия, мудирони шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, кормандони комиссариати ҳарбӣ, мизони ҳарбии ҷамоатҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми январи соли 2025 дода буданд, ба иштирокчиён расонида, масъулинро оид ба иҷрои ҳатмии онҳо муваззаф намуд.
Рӯзибой Раҳимзода ба шахсони масъул барои пурзӯр намудани фаъолият дар самти таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ, андешидани тадбирҳо барои ҷамъоварии андозу пардохтҳо ва дарёфти захираҳои нави молиявию ҷалби пурраи манбаъҳои даромад ба буҷети давлатӣ, сарфакорона ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдиро қатъан талаб намуд. Зеро, гуфт, Рӯзибой Раҳимзода барои вусъат бахшидани ин равандҳо дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд. Дар ин замина мо бояд, гуфт, Раиси ноҳия дар кӯтоҳтарин муддат ба низоми байниидоравии ҳамгироии иттилоотӣ ба таври ҳатмӣ пайваст шавем ва аз имконияти низомҳои дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ташаккулёфта истифода намуда, бо мақсади таъмин намудани фаъолияти самараноки “Ҳукумати электронӣ” гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳоро тавонем аз 1-уми июли соли 2025 пурра ба роҳ монем. Зеро, ин таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, таъкид кард Раиси ноҳия.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия ба мутасаддиён дастур дод, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, ғалладонагиҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Барои расидан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва талаботи Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021 – 2025, пешниҳод намуд масъулон камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаро ислоҳ намуда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди саноатро тақвият бахшанд. Гуфта шуд, ки дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар тадбирҳои амалӣ андешида, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок ва содироти он афзоиш дода шавад.
Зикр гардид, ки талафоти нерӯи барқ то ҳанӯз дар сатҳи баланд ва ташвишовар боқӣ монда, аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаби соҳа мебошад. Вобаста ба ин, шахсони масъул вазифадоранд, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти нерӯи барқро таъмин намоянд. Зикр гардид, ки доир ба ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони нерӯи барқ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани маблағи нерӯи барқ чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Раиси ноҳия оид ба мураккаб боқӣ мондани вазъи ҷаҳон ва минтақа ба аҳли ҷамъият ва мутасаддиёни соҳаи идеологии ноҳия супориш дод, ки дар самти кор бо аҳолӣ бо нақшаҳои тасдиқгардида амал карда, баргузор намудани чорабиниҳои сиёсиву фаҳмондадиҳӣ, ҳарбиву ватандӯстӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ вусъати тоза бахшанд.
Инчунин, Рӯзибой Раҳимзода аз фаъолони ҷомеа ва шаҳрвандон риояи ҳатмии талаботи қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”-ро талаб намуд.
Дар охир, Раиси ноҳия бори дигар аҳли маҷлисро вазифадор намуд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлис зикргардида ва супоришу вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта бошанд..
и ещё 6
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

71

Leave a Reply

Back to top button