Субҳи имрӯз, 3-юми феврали соли 2025 дар толори калони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ машварати кории Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода бо иштироки кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ва масъулони комиссияи давъатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир гардид.
Дар машварати корӣ нахуст, масъалаи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба артиш баррасӣ гардид. Раиси ноҳия зимни баррасии масъалаи мазкур ба масъулин ҷиҳати сари вақт иҷро намудани нақшаи ҷалби ҷавонон ба мактабҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, назорати ташкили корҳо оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи даъвати ҳарбӣ ва бақайдгирии ҷавонони синну соли даъватӣ, омодагӣ барои муташаккилона гузаронидани маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сипас, Рӯзибой Раҳимзода оид ба иҷрои масъалаҳои гузошташуда аз масъулон пурсиш ба амал овард. Раиси ноҳия бахусус, аз рафти сохтмони як қатор иншооти таъиноташ гуногун, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшабандӣ карда шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Маълум гардид, ки дар ноҳия аз нақшаи умумии 595 адад иншоот аллакай 420 адади он сохта ба истифода дода шуда, 70 фоизи он иҷро гардидааст. Рӯзибой Раҳимзода ба масъулон дастур дод ҳама иншооти бунёдшаванда дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд сохта шаванд.
Инчунин, Рӯзибой Раҳимзода ба масъалаи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ диққат дода, масъулонро водор кард дар ин самт саҳлангорӣ накарда, мувофиқи нақша амал намоянд ва то фарорасии мавсими кишт сад фоиз омода бошанд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия ба масъалаи тозагӣ ва таъмиру азнавсозии девору биноҳои дар шафати Шоҳроҳ ва кӯчаю паскӯчаҳо суханронӣ намуда, масъулонро муваззаф кард бо сокинон дар мавзӯи маърифати баланди экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Мардуми тоҷик гуфт, -Рӯзибой раҳимзода бояд ҳамаҷониба тозаю озода бошанд. Имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки мо ба зиндагии шоиста худро таъмин намоем. Бахусус, дар ноҳияи Айнӣ аз ҷониби корхонаҳои гуногун ҷойҳои кории холӣ бо маоши арзанда пайваста пешниҳоди мардум мегардад, ки ин ҳам як пешравии хуб аст. Аз ин лиҳоз, мо бояд бо ҳамин самт хонаи худ, деҳи худ ва ноҳияи худро ба таври шоиста муаррифӣ намоем.
Дар охир, масъулони ташкилоту муассисаҳо ва дигар иштирокчиён ба иҷрои нақшаҳои нави корӣ муваззаф гардиданд.
и ещё 4
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
1