Дар шаҳраки Зарафшон-2 — и ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони майдончаи варзишӣ ва маркази варзишиву солимгардонӣ санги асос гузошта шуд.
Иншооти варзишӣ дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби корхонаи «Шахтаи Фон-Яғноб» бунёд карда мешавад.
Зимни оғози корҳои сохтмонӣ таъкид карда шуд, ки бунёди майдончаи варзишӣ ва маркази варзишию солимгардонӣ дар деҳоти дурдасти ноҳияи Айнӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш муҳиму саривақтӣ мебошад.
Сипас, роҳбари вилоят дар деҳаи Сангистон рафти сохтмони кӯдакистон ва маркази фарҳангию фароғатиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Мувофиқи лоиҳа бинои кӯдакистон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои фарогирии 120 нафар пешбинӣ шудааст. Маркази фарҳангию фароғатӣ бошад аз як ошёна ва таҳхона иборат буда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ “Тоҷик Элитсохтмон” аст.
Тибқи лоиҳа дар дохили бино тарабхона, сехи дӯзандагӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ, толори варзишӣ, сартарошхона, толори ҳусн ҷойгир карда мешавад. Барои ин имконият ва шароити зарурӣ мавҷуд буда, татбиқи лоиҳаи мазкур боиси бо ҷои доимии корӣ таъмин намудани сокинон мегардад.
Сипас, бо иштироки Раиси вилоят дар шафати роҳи деҳаи Сангистон ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳия муташаккилона идома дошта, то имрӯз дар шафати роҳҳо ва заминҳои назди ташкилоту идораҳо беш аз 2 000 бех ниҳол шинонида шудааст.
Дар поёни сафари корӣ роҳбари вилоят собиқадори хизмати давлатӣ Ҳасан Ҷӯраев ва оилаи Тошовҳоро, ки ҳамчун оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст, аёдат кард.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
и ещё 12
Все реакции:
Вы и ещё 120