Хабарҳои руз

Рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат, соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисод ва иҷтимоиёт таъкид шуд. Ин соҳа на танҳо дар рушди иқтисоди миллӣ, балки дар баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар нақши муҳим дорад.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад. Аз ин ҷост, ки шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст. Аммо, ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондиҳандаи мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ нест. Дар ин замина, дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар Паём таъкид гардид, ин зарурати рушди инфрасохтори сайёҳӣ мебошад. Бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ, роҳҳои нави мошингард, иншооти истироҳати экологӣ ва осонгардонии дастрасӣ ба минтақаҳои сайёҳӣ ҳамчун ҳадафҳои асосӣ муайян шудаанд.
Вобаста ба ин дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти хизматрасон барои сайёҳон ба нақша гирифта шуда, дар ояндаи наздик ду адад Меҳмонхонаҳои замонавӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода имрӯз аз рафти корҳои сохтмонии меҳмонхона барои сайёҳони дар Дашти Дар-Дари Ҷамоати деҳоти Дар-Дар бунёдшаванда боздид кард. Маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 80 фоиз иҷро гардида, дар арафаи анҷомёбист. Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкор Кишварой Маҳмедова бо шароити ба замони муосир ҷавобгӯ сохта шуда, дар як вақт метавонад 30 меҳмонро қабул кунад. Мавзеи интихобгардида дар соҳили дарёи Зарафшон ҷойгир гашта, боду ҳавои тоза ва дар шафати Шоҳроҳи Душанбе-Самарқанд бунёд карда шудааст.
Баъдан, Рӯзибой Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонии меҳмонхона барои сайёҳони маркази ноҳияи Айнӣ дидан кард. Ин меҳмонхона низ бо шарту шароити хубу ба талаботи давр ҷавобгӯ бунёд гардида истода дар як вақт метавонад 26 нафаар сайёҳони дохилию хориҷиро қабул кунад. Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкор Субҳия Лутфова дар шафати Шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ сохта мешавад. Субҳия Лутфова ният дорад дар ошёнаи якуми бино тарабхонаи замонавӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ, инчунин барои гукзаронидани маъракаҳои иҷтимоии мардуми маҳал бунёд карда ба истифода диҳад. Ҳамзамон дар назди меҳмонхон мағоза барои фурӯши таҷҳизоти автомашинаҳо ва ҷой барои шустушӯи нақлиёт омода созад. Яъне, сайёҳон дар ин маҷмаа метавонанд ҳам истироҳат кунанд, ҳам нақлиёташонро шустушӯ кунанд, ҳам хӯрок хуранд ва ҳам лавозимот барои мошинҳои худро дарёфт намоянд.
Бо ба кор оғоз гардидани иншооти болозикр наздики 12 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб таъмин гарданд.
Раиси ноҳия гуфт, ки чунин иншоот метавонанд боиси ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шаванд. Фақат мо бояд тавонем сифати хизматрасониро беҳтар намуда, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ноҳия ҷалб намоем. Зеро, ноҳияи Айнӣ бо манзараҳои зебояш, кулҳои диданбоб ва ёдгориҳои таърихияш дар диди сайёҳон таассуроти хуб боқӣ гузорад. Аз ҷониби дигар афзуд Раиси ноҳия -рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар ин ноҳияи Айнӣ барои ҷалби бештари сайёҳон ва беҳбуди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад.
и ещё 23
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

6

Leave a Reply

Back to top button