Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода собиқадорони меҳнатро дар Ҷамоатҳои деҳоти Анзобу Фондарё аёдат намуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни мулоқоти самимӣ бо собиқадорони меҳнат изҳор дошт, ки корномаҳои онҳо дар саҳифаи тиллоии таърих сабт гардида, пайваста ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбати чунин шахсони фидокор амалӣ мегардад.
Зимни суҳбат аёдатшудагон шукронаи Ватан -Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва рушди босуботи кишвари соҳибистиқлол дуои нек карданд бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбати ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори самимии миннатдорӣ баён намуда, баҳри осоиш ва гул-гулшукуфоии ҷовидонаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дасти дуо кушоданд.
и ещё 3
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
1