Хабарҳои руз

Фаъолияти хуби Маркази саломатӣ дар деҳаи Такфон

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз фаъолияти Маркази саломатии деҳаи Такфон дидан карда, бо табибону табобатгирандагон аз наздик суҳбат намуд. Маълум гардид, ки фаъолият дар муассисаи тандурустӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Раиси ноҳия аз ташкилотчигии роҳбари муассиса изҳори миннатдорӣ намуда, дастур дод корҳоро боз ҳам хубтар ба роҳ монад. Раиси ноҳия зимни суҳбат бо кормандони Маркази саломатӣ дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки расонида, чунин гуфт: -Афзоиши мунтазами аҳолӣ талаб мекунад, ки мо бояд барои соҳаҳои тандурустӣ боз ҳам муассисаҳои бештар бунёд кунем. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми соҳаи тандурустӣ, ки вазъи рушди соҳаро инъикос менамоянд ин бунёди бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ мебошад. Дар давоми се – чор соли охир дар ҳудуди ноҳия зиёда аз даҳ адад муассисаҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин аз пешрафти соҳаи тандурустӣ дар ноҳия гувоҳӣ медиҳад ва барои ҳар як сокини ноҳия аҳамияти муҳим дорад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар самти соҳаи тандурустӣ хизматҳои шоён намуда, сатҳ ва сифати хизматрасониро бо талаботи замон мутобиқ гардонад. Дар интиҳо Раиси ноҳия табибонро ҳидоят намуд, ки баҳри таъмини солимии аҳолии деҳот сатҳи хизматрасониро баланд бардоранд.
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

4

Leave a Reply

Back to top button