
Дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ субҳи имрӯз, 21-уми феврали соли 2025 Маҷлиси фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Айнӣ баргузор гардид.
Дар кори Маҷлис Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдушукур Хокирозода, собиқадорони меҳнати ноҳия ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.
Дар рӯзномаи Маҷлиси фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Айнӣ масъалаи зерин:
-Дар бораи фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Айнӣ дар соли 2024 ва вазифаҳои ташкилоти собиқадорони ноҳия, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд;
мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи Маҷлис Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдушукур Хокирозода маърӯза карда, барои муҳокима собиқадорони меҳнат Муртазоқул Сафаров, Абдулбақо Ахмедов, Наҷотбек Холиқов, Узбакой Каримова ва Муҳаррама Насриддинова таклиф гардиданд.
Дар охир, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов оид ба масъалаи Маҷлис изҳори андеша намуд.
Маҷлиси фаъолони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Айнӣ худи ҳамин рӯз кори худро ба итмом расонид.





и ещё 8
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться