
21-уми феврали соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардорони раёсат, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ҳусни оғоз ёфт.
Раиси ноҳия Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни суханронӣ чунин гуфт: -Артиши миллӣ ҳанӯз дар оғози ба Истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардида, ҳоло он қодир аст амнияти давлату миллат ва марзу буми кишварро пурра ҳифз намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат, сипари боэътимоди Ватанамон арзёбӣ намудаанд. Дар ҳақиқат, беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд. Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихору қаноатмандӣ тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва мамлакатро барои хизмати содиқона ба давлату халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуд.
Дар зимн, барои нишон додани малакаю маҳорат ва интизоми баланди касбӣ, гузоштани саҳми арзанда дар ҳифз намудани манфиатҳои давлату миллат, пойдории сулҳу суботи устувор, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ ва бахшида ба 32-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир барномаи консертӣ бахшида ба 32-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши иштирокчиён гардид





и ещё 9
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться