Хабарҳои руз

Деҳаи Урметан чароғон гардид

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар марҳилаи рушди деҳот дар ҳудуди ноҳия Айнӣ корҳои созандагиву ободони дар авҷи аъло буда, рӯз то рӯз симои ноҳияи кӯҳистонии Айнӣ зебову дилрабо гардида истодааст.
Бояд таъкид кард, ки сокинони деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар баён шуда буд, корҳои ободониву созандагиро анҷом дода, саҳми худро дар ободонии маҳал мегузоранд.
Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат сокинон маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро ба корҳои хайру савоб сарф намуда истодаанд. Даромадгоҳи деҳаи Урметан аз маҳаллаи Дашти Устообид ба масофаи наздики ду километр аз ҷониби як нафар зани бонангу номус Зуҳро Бобоева чароғон карда шуд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода зимни ба истифода додани чароғакҳои равшанидиҳанда аз иқдомҳои неки Зуҳро Бобоева хуш истиқбол карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ӯ Сипоснома дод.
Қайд гардид, ки мардуми шарафманди ноҳия бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагиро иҷро намуда, барои ободу зебо гардидани деҳаву шаҳракҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд.
и ещё 2

Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

 

Комментировать
Отправить
Поделиться
Back to top button