Хабарҳои руз

Тантанаи идона дар қисми низомии ноҳияи Айнӣ

Субҳи имрӯз, санаи 20-уми феврали соли 2025 бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи сарҳадии 0203-и Қушунҳои Сарҳадии ноҳияи Айнӣ тантанаи идона баргузор карда шуд.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -Ардашер Мирзозода, прокурори ноҳияи Айнӣ Нуриддин Имомзода, сардори шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Азизҷон Ҳусейнзода иштирок карданд.
Рӯзибой Раҳимзода зимни суханрониаш аз ҷумла гуфт, ки Артиши миллӣ ҳанӯз дар оғози ба Истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихро тай намуд. Ҳоло он қодир аст амнияти давлату миллат ва марзу буми кишварро пурра ҳифз намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат, сипари боэътимоди Ватанамон арзёбӣ намудаанд. Зеро, имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар симои Артиши миллӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони халқу Ватан, тартибот, қонуният ва дастовардҳои истиқлоли худро мебинанд. Мояи ифтихор аст, ки имрӯзҳо Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ қобилияти таъмини истиқлол, якпорчагии хоки Ватан ва оромию ҳаёти осоиштаро дошта, вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осудагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро менамоянд.
Дар ин рӯзи муборак аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба як қатор афсарону сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии 0203-и Қушунҳои Сарҳадии ноҳияи Айнӣ барои гузоштани саҳми арзанда дар ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва суботи мамлакат, сарбаландона ба ҷо овардани рисолати касбии худ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди хизматӣ ва бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Дар охир, барои афсарону сарбозони қисми низомии мазкур дастархони идона ороста шуда, аз ҷониби кормандони бахши фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертӣ намоиш дода шуд шуд.
и ещё 16
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться
Back to top button