
Имрӯзҳо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯриву мулоқотҳо гузаронида истодаанд.
Гурӯҳи таблиғотӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43-и деҳаи Зиндакон мулоқот бо ҷамъи васеи падару модарону хонандагон доир намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯриҳои мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мебошад.


