Хабарҳои руз

САД РАНГИ ЧАКАН

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас ва чакан, бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, аз худ намудани тарзи омода намудани хӯрокҳои миллӣ дар коргоҳи дӯзандагии “Кӯҳсор”-и маркази ноҳияи Айнӣ чорабинии фарҳангӣ маърифатӣ баргузор карда шуд. Дар ин радиф намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби ҳунармандон, гирандагони грантҳои Президентӣ ва Раиси вилояти Суғд дар ноҳия ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур Фестивали “Сад ранги чакан” бо иштирок тарроҳон ва гулдухтарони чаканпӯши ноҳия гузаронида шуд.
Сайёрахон Халифаева.
Back to top button