Хабарҳои руз

Рушди соҳаи кишоварзӣ тақозои замони муосир

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода ҷаласа оид ба масъалаҳои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, бахусус картошка ва миқдори зарурии захираи тухмӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода, Муовини раиси кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, президенти Академия илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия, Кумитаи идораи замин, идораи хоҷагии об ва дигар шахсони дахлдори соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, бахусус миқдори зарурии захираи тухмӣ, нақшаи бунёди боғҳои нав ва барқароркунии боғҳои куҳна, бунёди заминҳои нави корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва дигар масъалаҳои ба рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни аксар суханрониҳояшон ба масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, гирифтани се-чор ҳосил дар як сол, афзоиши майдони кишти зироати таъиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини муттасили бозори дохилӣ бо маводи озуқаворӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар воқеъ, кишоварзӣ аз соҳаҳои асосӣ ва ниҳоят муҳими фаъолияти аҳолӣ буда, дар мавҷудияти ҳар як давлату ҷомеа мавқеи калидиро касб кардааст. Он сарчашмаи неъматҳои моддию истеъмолӣ буда, талаботи аҳолиро бо ғизо ва соҳаҳои муҳими саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд. Аз ин хотир, мо бояд мувофиқи Барномаву нақшаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳшуда амал намуда, дар рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа саҳмгузор бошем.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни баромади худ қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ фаъолиятро дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ бодарназардошти ҳама Барномаву нақшаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳшуда ба роҳ монда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар рушду нумӯю пойдорӣ ва бо ин восита ба таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузорад.
Дар зимн, ҳайати намояндагони болозикр аз омодагиии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обтаъминкунӣ дар баҳори соли 2025 боздид намуданд.
и ещё 15
Back to top button