Хабарҳои руз

Фаъолияти пурсамари ҶСП “Талко Голд” дар ноҳияи Айнӣ

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз рафти истеҳсолот дар корхонаи маъдантозакунии Кончоч боздид кард.
Корхонаи барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда, аз роҳу усулҳои муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, васеъ истифода менамояд. Фаъолият айни замон дар ин корхона хеле хуб ба роҳ монда шуда, барои ғанӣ гардонидани буҷаи маҳал ва рушди соҳаи саноати мамлакат мусоидат менамояд.
Дар корхонаи истеҳсолии консентрати тилло ва сурмаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” зиёда аз 1295 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд, ки 1000 нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 295 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин мебошанд. Кормандони ширкати мазкур бо маоши на кам аз 5 ҳазор сомонӣ бо ҷойи кори доимӣ ҷалб гардида, музди маоши миёнаи корхона 9409,6 сомониро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхона дар моҳи январи соли 2025 55 миллиону 216,4 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 12172,6 сомонӣ зиёд мебошад. Консентрати тилло 899,45 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 145,35 тонна зиёд мебошад.
Аз ҷониби ҶСП “Талко-Голд” дар дохили ҳамин корхона бунёди заводи металлургии афинаж дар назар буда, бо ба кор даромадани он корхона иқтидори 5 то 10 ҳазор тонна истеҳсоли тилло ва 40 то 50 ҳазор тонна истихроҷи сурмаро ба даст меорад, ки ин ба буҷаи давлат фоидаи зиёд оварда, шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт.
Рӯзибой Раҳимзода –Раиси ноҳияи Айнӣ, зимни боздид аз корхонаи мазкур афзуд, ки -Дар давоми солҳои охир бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуданд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Хусусан дар ноҳияи Айнӣ ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст, ки ин боиси хушнудии мардуми ноҳияи мо мебошад.
и ещё 14
Back to top button