
Имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ дар доираи корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни таърихии Тоҷикистон -35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳиссагузорӣ намудан дар корҳои ободиву созандагӣ, аз ҷумла, ободу навсозӣ ё мумфарш намудани маҳаллаи зист ва мавзеи назди муассисаву коргоҳҳо, хонаву манзили зисти худ бо иштироки васеи сокинон, саховатмандон, соҳибкорон ва ҷомеаи меҳнатии муассисаву ташкилотхо тариқи дастҷамъона ба анҷом расонидани чунин амалҳои хайр ба ҳукми анъана даромадааст.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинони деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан як қатор иқдомҳои наҷиб роҳандозӣ гардида истодааст.
Бо иқдоми сокинони деҳаи Урметан кӯчаҳои дохили деҳа давра ба давра таъмир шуда истодааст. Сокинони саховатпеша тасмим доранд кӯчаю паскӯчаҳои деҳа, назди хонаҳои худ ва кӯчаи асосии мошингарди деҳаро бетонпӯш карда, паскӯчаҳои одамгард ва ҷӯйборҳоро таъмир кунанд.
Корҳои хайру савоб, ки барои беҳбудии шароити мардуми деҳа равона мегардад бо ибтикори роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Урметан ба роҳ монда шуда, мардони саховатпеша ва баномуси деҳа ба он мусоидат карда истодаанд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода иқдоми соҳибкорон-ҷавонмардони банангу номуси деҳа ва амали саҳмгузорӣ дар шукуфоии Ватанро шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба онҳо расонид.



