
14-уми феврали соли 2025 дар маркази ноҳияи Айнӣ, бахшида ба 36-умин солгарди баровардани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон бо иштироки Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода, ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба абадӣ гардонидани хотираи неки шаҳидгардидагони ҷанги байналмиллал баргузор гардид.
Нахуст, иштирокчиёни Ҷанги Афғонистон дар назди маҷмаи поси хотираи ҷанговарони шуравӣ дар назди МТМУ-и №1-и маркази ноҳия маросими тантанавии гулгузорӣ баргузор карда шуд.
Ҷамъомадро Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт ҷанговарони байналмиллал аз Тоҷикистон ба қасами ёд намудаи худ содиқ монда, дар муҳорибаҳо намунаи ибрат буданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи дониш таъкид бар он карданд, ки “… рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд. Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад”. Аз ин лиҳоз, Шумо, ки мардони хираду дунёдида ҳастед, бо ҷавонон вохӯриҳо гузаронида, дар мавзӯи сулҳу субот ва далерию шуҷоъат сӯҳбатҳо кунед.
Баъдан, якчанд нафар аз фаъолияти ҷанговарони ноҳия, ки дар қаламрави кишвари Афғонистон шуҷоатмандонаву қаҳрамонона ҷангидаанд ёдоварӣ намуданд. Зикр гардид, ки воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми Тоҷикистони тозаистиқлол сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумияти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош варзанд, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевосита гузоранд.
Дар охир, бархе аз иштирокчии ҷанговари байналмиллал бо Сипосномаҳои Раиси ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ гардида, ба онҳо хони идона густурда шуд.





и ещё 16