Хабарҳои руз

Бунёди боғҳои нав ва барқарорсозии боғҳои куҳна дар ноҳияи Айнӣ

13-уми феврали соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ аз боғҳои Дашти Варзи маркази ноҳияи Айнӣ боздид кард.
Ба Раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки аз ҷониби Раёсати кишоварзии ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва бунёд кардани боғу токзори нав дар талу теппаҳои бекорхобидаи ноҳияи Айнӣ дар майдони 18 гектар ва 10 гектар барқароркунии боғҳои куҳна нақшабандӣ карда шуда, инчунин, дар Дашти Варз боз дар майдони ду гектар боғи нави интенсивӣ бунёд карда мешавад.
Боғҳои интенсивии нав аз ҷониби саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии Дашти Варз дар шафати Шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бунёд мегардад ва дар назар аст, ки барои обёрӣ кардани ин боғҳо аз ҳисоби саҳмдорон чоҳҳои амудӣ низ кофта шавад. Дар боғи нави интенсивӣ, ки бунёдаш дар рӯзҳои наздик оғоз мегардад зиёда аз ду ҳазор ниҳолҳои себу олуболу шинонида мешавад.
Раиси ноҳия аз ташаббуси боғпарварон истиқбол намуда, иброз дошт, ки ташкили боғҳои нав дар заминҳои бекорхобида бояд ҳарчи зиёдтар ба роҳ монда шавад.
Рӯзибой Раҳимзода зимни суҳбат бо деҳқонон ёдрас шуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда шуда, бо назардошти афзоиши талабот ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд карда шавад. Ба ин васила мо муҳитро аз ифлосшавӣ эмин медорем, аз обу ҳавои тоза баҳравар мешавем, ба тарзи зиндагии солими ҷомеа мусоидат менамоем ва насли ҷавонро дар рӯҳияи ҳифзи табиат ва муҳити зист тарбия мекунем.
Раиси ноҳия, ҳамчунин, бо намояндагони корхонаҳои обтаъминкунӣ суҳбат карда, таъкид намуд, то 1-уми апрел заминҳои Дашти Варз ва Дашти Хушекати Ҷамоати деҳоти Айниро бо оби полезӣ таъмин намоянд.
и ещё 4
Back to top button