
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода имрӯзҳо дар ҳудуди вилояти Суғд сӯҳбату мулоқотҳои гурӯҳҳои таблиғотии “Модарони Ваҳдатсаро” таҳти унвони “Бирав фарзанд, хизмати Ватан – Модар бикун” ва “Террорист Ватан, миллат ва дин надорад”, бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида истодааст.
Вобаста ба ин ҳайати гурӯҳи таблиғотии “Модарони Ваҳдатсаро”-и ноҳия дар қисми низомии ноҳия бо афсарону сарбозон мулоқот намуданд.
Бояд қайд кард, ки ташкили ҳаракати «Модарони ваҳдатсаро» аз ҷумлаи иқдомҳои наҷиби таҳкимбахшандаи ваҳдату субот буда, модарон ҳамеша хостор ва посбони сулҳу ваҳдатанд ва даъвати онҳо аз фарзандон ба оромиву осудагӣ ва дӯст доштани Ватану хизмати содиқонаву самимона кардан ба он ҳатман натиҷаи хуб ба бор меорад.





и ещё 9
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
37