Хабарҳои руз

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ”

Имрӯзҳо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯриву мулоқотҳо гузаронида истодаанд.
Санаи 6- уми феврали соли 2025 гурӯҳи таблиғотӣ дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 23 ва 12 мулоқот бо ҷамъи васеи падару модарону хонандагон доир намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯриҳои мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мебошад.
и ещё 6
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

9

Back to top button