
Субҳи имрӯз, 6-уми феврали соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар деҳаи Фатмеви Ҷамоати деҳоти Рарз аз фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ боздид кард.
Нахуст, Раиси ноҳия аз фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи №11-и деҳа дидан карда бо хонандагону омӯзгорон суҳбат кард.
Муассисаи таълимӣ якошёна буда, аз соли 1966 инҷониб фаъолият мекунад, ки дар он 410 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Муассиса бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи замони муосир ва афзоиши шумораи хонандагон сокинон ба мушкилот дучор гашта буданд. Аз ҷониби МИҲД-и ноҳия дар мавзеи Дашти Мохаки деҳа муассиса барои синфҳои ибтидоӣ сохта шуда, инчунин, дар назди МТМУ-и №11 бунёди мактаби нав ба нақша гирифта шудааст. Асосан, сохтмони ин муассиса чанд сол пеш оғоз гардида, бар асари офатҳои табиӣ ва хисорот ворид намудан ба баъзе муассисаҳои иҷтимоии ноҳия ва иншооти он боздошт карда шуд. Айни замон тагдевории муассиса омода буда, дар соли ҷорӣ бунёди он идома меёбад гуфт, -Раиси ноҳия.
Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорони муассиса Раиси ноҳия дастур дод, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бо роҳи омӯзиши илмҳои муосир ва соҳибкасб гаштан дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузоранд. Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақона хонандагону омӯзгорони ин деҳаи кӯҳистони ноҳия ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ карданд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия аз рафти омодагиҳо ба интихобот аз участка ва ҳавзаи интихоботӣ дар деҳа дидан карда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта изҳори назар намуд ва ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин, Рӯзибой Раҳимзода аз фаъолияти Бунгоҳи тиббии деҳа дидан карда, бо кормандони он суҳбат кард. Зикр гардид, ки мақсади асосии мутухассисони бунгоҳи тиббӣ расонидани ёрии нахустини тиббӣ, табобат ва додани маслиҳату тавсия ба беморону мизоҷон мебошад. Дар умум кор дар Бунгоҳи тиббӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда шуда, духтурони ботаҷриба дар он фаъолият доранд. Раиси ноҳия ба кормандони бунгоҳ маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки пеш аз ҳама ба саломатии мардум аҳамияти ҷиддӣ диҳед, бо мардум хушмуомила ва меҳрубон бошед.
Дар деҳаи Фатмев Раиси ноҳия бо мардум суҳбатҳои сарироҳӣ гузаронида, дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонид. Бахусус, Раиси ноҳия сокинонро барои рушд додани соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ ҳидоят намуда, таъкид кард, ки дар самти амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошанд.
Аз ҷониби сокинон дархост барои идома додани сохтмони мактаб, таъмиру таҷдиди бунгоҳи тиббии деҳа, дастрасии эҳтиёҷмандон ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ва амсоли инҳо манзур карда шуд, ки Раиси ноҳия ба масъулон ҷиҳати иҷрои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар зимн, Раиси ноҳия оилаҳои ниёзманд ва собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, ба Почоев Почо Ҳасанович барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, пайравӣ аз иқдому ташаббусҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин раванд кӯшишу ғайрат ва талошҳои пайваста ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайру саховат ва дастгирии ятимону бепарасторон Сипосномаи МИҲД-и ноҳияро расонид. Инчунин, бо кӯмаки МИҲД-и ноҳия хонаи як сокини ҳамин деҳа тунукапӯш карда шуд.





и ещё 22
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
7